Бех
Бех, ё бехдору, ё бехи сафед, ё нишоллобех (лот. Allochrusa gypsophiloides) — гиёҳест бисёрсола.
Бех | ||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Allochrusa.
|
||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||
Allochrusa gypsophiloides (Regel) Schischk., 1937 | ||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||
Acanthophyllum gypsophiloides Regel |
||||||||||||
|
Тавсифоти гиёҳшиносӣ
вироишАз 30 то 80 см қад мекашад. Пояаш сершох, баргаш нештаршакл, гулаш майдаи сафед ё гулобӣ, ғӯзааш байзашакл. Моҳҳои май-июн гул карда, июл-сентябр тухм мебандад. Одатан, дар дашту биёбон, нишебиҳои кӯҳ ва теппаҳо мерӯяд. Дар Тоҷикистон асосан дар кӯҳҳои Мевағул, Қурамаю Зарафшон месабзад; дар байни мардум бо номи «бехдору» маъмул аст. Бехро барои кафкнокии нишолло истифода мебаранд.
Корбурдҳо
вироишбех ашёи хоми саноатист. Аз он сапонин (12-32 %) мегиранд. Моддаҳои сапонинӣ дар саноати хӯрокворӣ (барои тайёр кардани ҳалво, нӯшокӣ ва ғайра), атриёт, бофандагӣ ва оташнишонӣ ба кор мераванд. Дорушиносон муқаррар кардаанд, ки сапонини бех таъсири зиддимикробӣ ва балғамрон дорад. Аз сапонини холис ваксинаи зидди сӯхтанӣ ва брутселлёз таҳия месозанд.
Хосиятҳои шифоӣ
вироишДар тибби мардумӣ қиёми решаи бехро ҳамчун доруи балғамрон (ҳангоми бронхит ва диг. бемориҳои роҳи нафас), талхарон, пешоброн ва исҳоловар истифода мебаранд. Барои ин решаи майдакардаи онро ба як истакон оби ҷӯшидаи хунук андохта, 8-10 соат нигоҳ медоранд ва дар давоми рӯз менӯшанд. Баъзан аз решаи бех чой карда, ҳангоми бемориҳои меъдаю рӯда, пӯст (пиодермия, шукуфа, пучак), аъзои ҷинсӣ, испурч, ҷигар, гурда ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо истеъмол мекунанд. Қиёми появу барги бехро ҳамчун доруи исҳоловар ва балғамрон истифода мебаранд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ковалёва Н. Г. Лечение растениями. М., 1972;
- Турова А. Д. Лекарственные растения СССР и их применение. М., 1974;
- Гаммерман А. Ф., Гром И. И. Дикорастущие лекарственные растения СССР. М., 1976;
- Ходжиматов М. Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана. Д., 1989.
Сарчашма
вироиш- Бех // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.