Бештентак
«Бештентак» — кони нафту газ дар ноҳияи Балҷувон, ки соли 1970 аз тарафи экспедитсияи иктишофии геологии Саридораи геологияи ҶШС Тоҷикистон дар ҷараёни гузаронидани корҳои иктишофӣ-геологии солҳои 1969—1978 кашф шудааст.
Мавзеи ҷуғрофиёии кон ба минтақаи резишгоҳи Шӯробдарё ва дарёи Оби Мазор тааллуқ дорад, ки онҳо шохоби дарёи Қизилсу мебошанд. Захираҳои фаврии ҳисобшудаи нафт — 3,895 млн т (истихроҷшаванда) ва газ 2,5 млрд м3 бо усули ҳаҷмӣ аз тарафи Комиссияи марказии захираҳои Вазорати геологияи ИҶШС қабул шудааст. Соли 1973 аз тарафи Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикнафт» дар асоси захираҳои ҳисобшуда истифодаи таҷрибавии кон оғоз ёфт. Ҳоло ҳисобкунии захираҳо аз рӯйи натиҷаҳои корҳои пармагарӣ, намунабардорӣ ва истифодаи таҷрибавии 78 пармачоҳи ҷустуҷӯию иктишофӣ ва истифодабарӣ бо усули ҳаҷмӣ гузаронда шудааст. Аз Б. 1587, 1 ҳазор т нафт, 6,8 ҳазор т моеи газӣ (конденсат) ва 3437 м3 газ истихроҷ шудааст (2010). Захираҳои боқимондаи нафт — 333,9 ҳазор т, моеи газӣ — 114,8 ҳазор т ва газ 1936,5 м3-ро ташкил медиҳад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Бештентак / И. Раҳмонов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.