Беҳзод Файзуллоев (зод. 1969, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — соҳибкор, муассис фа роҳбари ширкати «Вавилон». Писари Ҳабибуллоҳ Файзуллоҳ.

Беҳзод Файзуллоев
Таърихи таваллуд 1969(1969)
Зодгоҳ Душанбе
Пеша соҳибкор

Зиндагинома

вироиш

Беҳзод Файзуллоев соли 1969 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1986 мактаби миёнаи рақами 32-и шаҳри Душанберо хатм кардааст. Дар соли 1987 ба Донишгоҳи политехникии Душанбе дохил мешавад. Хидмати сарбозиро дар артиши Шӯравӣ дар вилояти Астрахани Русия ба анҷом мерасонад. Баъд аз хидмати аскарӣ таҳсилро дар Донишгоҳ дар басти шабона давом дода, рӯзона дар муассисаҳои гуногун ба кор мепардозад.

Дар соли 1991 ширкати хусусии худро таъсис дода ба тиҷорат машғул мешавад. Дар ин миён риштаи мухобирот ва коммуникатсияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистонғоибона хатм карда, соҳиби маълумоти дувуми олӣ мегардад. Дар соли 2000 ширкати «Вавилон»-ро таъсис дода[1], то кунун раҳбарии онро бар дӯш дорад.

  1. Ҳолномаи Беҳзод Файзуллоев — раиси ширкати Вавилон(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 15 марти 2023 санҷида шуд.