Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С Осимӣ  — яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии бонуфузи Тоҷикистон мебошад. Донишгоҳ муассисаи таҳсилоти олии касбии заминавӣ дар самти омодакунии кадрҳои техникӣ мебошад.

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ

(ДТТ ба номи М.С. Осимӣ)
Номи аслӣ Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ
Номи байналмилалӣ Tajik Technical University named after M.S. Osimi
Номҳои қаблӣ Институти политехникии Тоҷикистон
Соли таъсисёбӣ 6 январ 1956 ва 1990[1]
Навъ Муассисаи давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ
Ректор Давлатзода Қудрат Қамбар
Донишҷӯён 12000
Бакалавриат 4 сол
Магистратура 2 сол
Аспирантура 3 сол
Омӯзгорон 500
Мавқеъ Душанбе,  Тоҷикистон
Нишонии ҳуқуқӣ 734042, Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо, 10
Сайт ttu.tj

Маълумоти мухтасар

вироиш

Донишгоҳ соли 1956 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Дар замони Шӯравӣ номаш Институти политехникии Тоҷикистон буд. Мақоми донишгоҳ мактаби олии касбӣ буда, дорои иҷозатномаҳои давлатии Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад. Шумораи донишҷӯён 10700 наф., кормандони илмӣ-омӯзгорӣ 570 наф. аст.

Таърих

вироиш

Бо Қарори кабинети Совети Вазирони СССР аз 6 январи соли 1956, 1 сентябри соли 1956 дар ш. Душанбе Донишкадаи политехникӣ кушода шуд (аз соли 1961 — Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, аз соли 1992 — Донишкадаи техникии Тоҷикистон ва аз соли 1997 — Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ, ки вазифаи асосиаш тайёр кардани муҳандисон барои корхонаҳои мошинсозӣ, истеҳсолӣ-саноатӣ, соҳаи энергетика, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва ғайра мебошад. Дар соли аввали кушодашавии Донишкадаи (Институти) политехникии Тоҷикистон 3 факултет: энергетикӣ, технологӣ ва сохтмон ташкил шуда, 8 ихтисосро дар бар мегирифт. ки ба ин ихтсосҳо 200 донишҷӯй қабул карда шуда буд. Соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд якумин филиал кушода шуд, ки соли 2010 ҳамчун донишкадаи политехникии мустақил дар ҳайати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон табдил дода шуд. Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи политехникии Тоҷикистон соли 1992 ба Донишкадаи техникии Тоҷикистон табдил дода шуд, ва соли 1997 ба вай номи ректори аввалини донишгоҳ — академик Муҳаммад Осимӣ гузошта шуд. Соли 1996 дар ҳайати донишгоҳ факултети соҳибкории муҳандисӣ ва менеҷмент, соли 2005 факултети технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ташкил карда шуд. Дар 55 соли таърихаш, донишгоҳ зиёда аз 45 ҳазор мутахассис тайёр кардааст, ки онҳо дар вазорату, идораҳо, муассисаҳои саноатӣ, сохтмонии ҷумҳурӣ ва берун аз он кор ва фаъолият мекунанд. Дар 8 факултаҳои донишгоҳ аз рӯи 55 ихтисос мутахассис тайёр мекунанд. Ҳоло дар донишгоҳ зиёда аз 10700 донишҷӯ, аз он ҷумла дар таълими рӯзона 8000 донишҷӯён дониш меомӯзанд. Дар 50 кафедраҳои донишгоҳ зиёда аз 570 муаллимон, аз он ҷумла докторони илм, дотсентон кор ва фаъолият доранд.

 
Абдурасулов А. А. (сарвари ДТТ солҳои 2005—2013) бо Ҳамид Ансорӣ ҳангоми кушодани озмоишгоҳи технологияи мошинсозӣ, муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои истеҳсоли Ҳиндустон


 
Донишҷӯёни ДТТ аз дастаи 50-солагии Тоҷикистон дар сохтмони заводи алюминийи Тоҷикистон, 1 майи соли 1975

Факултаҳо

вироиш

Дар донишгоҳ 7 факулта фаъолият дорад:

  • Факултети энергетикӣ;
  • Факултети механикӣ в технологӣ;
  • Факултети сохтмон ва меъморӣ;
  • Факултети технологияҳои раами,системаҳов ҳифзи иттилоот;
  • Факултети нақлиёт ва инфрасохтори роҳ;
  • Факултети иқтисодиёти соҳ ва идора;
  • Факултети муштараки муҳандисию технологии ДМТБ-ДТТ (Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон).
 
Бинои таълимии факултети сохтмон ва меъморӣ

Маъмурият

вироиш

Сохтори ДТТ иборат аз — 6 факулта:

  • Донишгоҳи политехникии Хуҷанд
  • Коллеҷи техникии ш. Душанбе
  • Маркази дистансионии таълимӣ
  • Такмили ихтисос (тахассус)
  • Факултети тайёрии ибтидои донишҷӯён

Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Давлтзода Қудрат Қамбар (аз соли 2020 то ҳоло) мебошад.

Ректорони Донишгоҳ

вироиш
 
Муҳаммад Осимӣ

Шуъбаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Хуҷанд

вироиш

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд соли 2010 таъсис ёфтааст. Мақоми донишгоҳ мактаби олии касбӣ буда, дорои иҷозатномаҳои давлатии Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад.

Хатмкардагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

вироиш

Галерея

вироиш
 
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, даромадгоҳ
 
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, 1 сентябри соли 2019
 
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ
  1. ROR Data — v1.19 — 2023. — doi:10.5281/ZENODO.7644942

Пайвандҳо

вироиш