Беҳрӯзи Табарӣ (форсӣ: بهروز طبری‎) (с. тав. ва ваф. номаълум) — шоири форс-тоҷик (нимаи аввали асри XI). Дар Табаристони Эрон ба дунё омадааст, аз ин рӯ ба нисбаи Табарӣ машҳур аст. Ба қавли тазкиранигор Муҳаммад Авфӣ («Лубоб-ул-албоб») аз шоирони дарбори Ғазнавиён буд. Аз намунаҳои осораш бармеояд, ки ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ, танқиду шикоят ва панду ахлоқ таваҷҷуҳ доштааст. Абёти зерин аз ӯянд:

Беҳрӯзи Табарӣ
форсӣ: بهروز طبری
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: тоҷикӣ
Як сухан гӯямат зи рӯйи яқин,
Бишнав, ар бишнавӣ, сазад, ки сазост.
З-он ба гетӣ суханшинос намонд,
Ки ато додан аз миён бархост.

Сарчашма вироиш