Бизон
Бизон[2][3], ё бизони амрикоӣ (лот. Bison bison) — як навъ ҳайвони ширхори ҷуфтсум.
Бизон | ||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Bison.
|
||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||
Bison bison Linnaeus, 1758 |
||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||
|
||||||||||||
Вазъияти ҳифз | ||||||||||||
|
Ба зубри аврупоӣ шабоҳат дорад. Бизони нарина назар ба бизони модина калонтар (дарозии танаш то 3 м) аст. Баландиаш то сари дӯш 2 м, вазнаш то 1 т. Қисми пеши танаш бештар инкишоф ёфтааст. Сари дӯшаш кӯҳоншакл буда, сар, китф, шона ва қафаси синааш пашми нисбатан дароз дорад. Рангаш сурхтоби сиёҳча. Ранги бизони ҷангалӣ (B. bison athabascae) нисбатан баландтар аст. Сарнасли бизон буққаҳои ваҳшӣ аз ҷинси leptobos мебошанд, ки дар давраи плиотсен зиндагӣ кардаанд. Дар замони кашф шудани Амрико саршумори бизонҳо хеле зиёд (30-60 млн) буд. Дар давраи сохтмони р. о., ки қитъаи Амрикоро аз уқёнуси Атлантик то Уқёнуси Ором бурида мегузашт, бизонҳо ваҳшиёна нобуд карда шуданд. Хусусан бо яроқи оташфишон маҳв сохтани бизонҳо зиёни калон овард. Пӯсти бизонро гирифта, гӯшташро мепартофтанд. Дар натиҷа фақат то соли 1870 саршумори бизонҳо то 5,5 млн кам шуд. Баъди 25 соли дигар аз он ҳамагӣ 800 сар боқӣ монд. Авв. садаи XX бизон зери ҳимоя қарор гирифт. Шумори ками бизони ҷангалӣ ва даштӣ дар Боғи Йеллоустон (ИМА) ва мамнӯъгоҳи Вуд-Буффало (Канада) парвариш карда мешавад. Бо мақсади ба шароити иқлими Сибир мутобиқ кардани бизон қариб 40 сар бизони ҷангалӣ ба Ёқутистон бурда шудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Castello J. R. 2016. Bovids of the World: Antelopes, Gazelles, Cattle, Goats, Sheep, and Relatives. — Princeton University Press. — Pp. 620—623. — 664 p. — ISBN 978-0-691-16717-6
- ↑ Банников А. Г., Флинт В. Е. Отряд Парнокопытные (Artiodactyla) // Жизнь животных. Том 7. Млекопитающие / под ред. В. Е. Соколова. — 2-е изд. — М.: Просвещение, 1989. — С. 520—522. — 558 с. — ISBN 5-09-001434-5
- ↑ Соколов В. Е. Систематика млекопитающих. Том 3. Китообразные, хищные, ластоногие, трубкозубые, хоботные, даманы, сирены, парнокопытные, мозоленогие, непарнокопытные. — М.: Высшая школа, 1979. — С. 485. — 528 с.
Сарчашма
вироиш- Бизон / А. Саидов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Пайвандҳо
вироишБизон дар Викианбор |