Билли Блэнкс
Билли Блэнкс (англ. Billi Blanks, тав. 1 сентябри 1955, шаҳри Эр, Панселвания) — варзишгар ва ҳунарпешаи амрикоӣ, мураббии дараҷаи байналмилалӣ, дорандаи камарбанди сиёҳи дараҷаи ҳафтум дар таэквондо, ҳафт карат чемпиони ҷаҳон оид ба карате, дорандаи камарбандҳои сиёҳ дар панҷ намуди ҳунарҳои размӣ.
англ. Billy Blanks | |
| |
Таърихи таваллуд: | 1 сентябр 1955[1] (69 сол) |
Зодгоҳ: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпеша, ҳунарпешаи синамо, karateka, таэквондокор, бадалкор |
Корнома: | 1986 — то ҳол |
IMDb: | ID 0087593 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Нахустин касест, ки ба гирифтани унвони Amateur Athletic Union Champion (1975) муваффақ гаштааст. Дар чемпионати Иттиҳоди варзишӣ миёни ғайрикасбиён панҷ маротиба пирӯз шуд. Солҳои 80 садаи XX капитани дастаи Олимпии каратеи ИМА буд ва ин даста дар мусобиқаҳои мухталифи ҷаҳонӣ 36 медали тило ба даст овард. Аз соли 1986 ба кино ҷалб шуда, дар 40 филми бадеӣ нақш офаридааст; ӯ меҳвари аслии саҳнаҳои размӣ буд. Дар филмҳои «Шердил» (1990), «Чанголи уқоб» (1992), «Пулиси соли дуҳазорум» (1993), «Сангдил ва кушанда» (1995), «Тавозуни қувва» (1996), «Мелроуз Плэйс» (силсилафилм, 1992–99), «Бузургустоди амрикоӣ» (2008) ва ғ. нақши асосиро бозидааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Билли Блэнкс // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.