Биндробан Доси Хушгӯ

Биндробан Доси Хушгӯ (форсӣ: بندرابن داس خوشگو[1]; ?, Ҳиндустон — 1757, Патна, Биҳор) — шоир ва тазкиранависи форсизабони Ҳиндустон.

Биндробан Доси Хушгӯ

Зиндагинома

вироиш

Дар ҷавонӣ дар дарбор хидмат кардааст. Пас аз 40-солагӣ тарки хидмат карда, ба кори эҷодӣ машғул шудааст. Xушгӯ бо Бедил ва дигар шоирони маъруфи муосираш робитаи дӯстӣ ва эҷодӣ доштааст. Дар шеър ба тозагуӣ ва маъниҳои бикр майл доштааст ва шеършиноси хубе ҳам будааст. Хушгӯро шоири соҳибдевон гуфтаанд. У ҳамчунин бо номи «Малфузоти Бедил» рисолаи ёддоштие навишта, дар асоси нусхаҳои аслии мактубҳои чанде аз шоирони муосираш баёзи мураккабе тартиб додааст. Маъруфтарин асари ӯ тазкираи «Сафинаи Хушгӯ» мебошад.

  1. خوشگو | مرکز دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. www.cgie.org.ir. 14 июни 2024 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Хушгӯ / В. Раҳимов // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).