Биотит
Биоти́т — минерал, абрақи калий-алюминий-магний-оҳандор.
Формула | K (Mg, Fe)3[Si3AlO10] [OH, F]2 |
Примесь | Ti, Na, Li, Mn, Ba, Sr, Cs |
Физические свойства | |
Цвет | Черный, бурый |
Цвет черты | Белая, серая |
Блеск | Стеклянный |
Прозрачность | Прозрачный, просвечивающий, непрозрачный |
Твёрдость | 2 — 3 |
Спайность | Весьма совершенная по {001} |
Излом | Минерал эластичный, гибкий, расщепляется на листочки |
Плотность | 2,8 — 3,4 г/см³ |
Сингония | Моноклинная |
Дар табиат хеле зиёд буда, 2,5–3 дарсади қишри Заминро ташкил медиҳад. Ба ифтихори физикадони фаронсавӣ Жан Батист Био (1774–1862) номгузорӣ шудааст. Формулаи кимиёвиаш K(Mg,Fe)3[Si3AlO10][OH,F]2. Рангаш сиёҳ (лепидомелан), ҷигарӣ (рубеллан) ё хокистарӣ (мероксен), ҷилояш шишагун буда, шаффоф, нимшаффоф ва тира мешавад. Сахтиаш аз рӯйи ҷадвали Моос 2–3, зичиаш 2800–3400 кг/м³. Таркиби кимиёвиаш тағйирёбанда аст: 4,5–8,5% оксиди калий (К2О), 0,3–28% оксиди магний (MgO), 2,8–27,5% оксидҳои оҳан (FeO) ва 0,3–20,5% (Fe2О3), 9,5 – 31,5% оксиди алюминий (Al2О3), 33–45% оксиди силитсий (SiO2), 6–11,5% об (H2O) ва ғашҳои Ti, Na, Li, Mn, Ba, Sr, Ce дорад. Ҳарорати булӯрбандиаш аз 600 то 700°С.
Биотит минерали ҷинсофарандаи санги хоро, гарондиоритҳо, трахитҳо, минеттаҳо буда, дар таркиби ҷинсҳои тафтавӣ (магмавӣ) ва метаморфӣ васеъ паҳн шудааст. Биотитро дар маснуоти изолятсионӣ, хокаашро барои тайёр кардани ранги зарҳал, ба сифати маводди ҷилодеҳ барои бозичаҳо ва ороиши саҳна истифода мебаранд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Биотит // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.