Биринҷоса́н , биринҷосиф , биринҷост (лот. Artemísia vulgáris ) — як навъ гиёҳи худрӯй.
Биринҷосан
Artemisia vulgaris L. , 1753[ 2]
Пояаш рост (30-210 см қад мекашад), қисми болояш сершох, сурхтоб. Баргаш паршакли паррадор ё яклухт, рӯяш сабз, пушташ — серпашмаки нуқратоб. Хӯшагул («сабадак»)-аш байзашакл, майда (қутраш 2-4 мм). Гулаш майда, найчашакли сурхча, гоҳе зард (нимаи дувуми тобистон шукуфта, тухм мебандад). Чун алафи бегона дар боғу киштзор, канори рӯду дарёҳо ва минтақаи ҷангалзор месабзад.
Биринҷосан гиёҳи доруист. Абуалии Сино Биринҷосанро барои табобати санги гурда, назла, ҷароҳат, дарди сар, бемориҳои занона ва ғ. истифода бурдааст. Бо баргу поя, гул ва решаи Биринҷосан бемориҳои гуногун (саръ, зардпарвин, касалии қанд, фалаҷ, хала, бемориҳои занона ва ғайра) табобат карда мешаванд. Бо мақсади табобат, асосан, нӯги сербарги рустанӣ (дар давраи гулшукуфт ғундошташуда) ва решаи он (тирамоҳ ҷамъоваришуда)-ро истифода мебаранд. Биринҷосан. иштиҳо меорад, ҳазми хӯрокро беҳтар ва асабҳоро ором мекунад, захмҳоро шифо мебахшад, таъсири дарунрон дорад. Ҷӯшидаи баргҳои онро бо мақсади тақвияти ҷигар ва резондани киҷҷаҳо ҳуқна мекунанд. Биринҷонсан давобахши бехобӣ, невроз, бемориҳои илтиҳобӣ, грипп ва ғ. ҳам мебошад. Табибони халқӣ бо баргу поя ва решаи Биринҷосан гастрит, сил, бавосир, ғалаёни хун, дамиши шикам ва дигар бемориҳоро дармон мебахшанд.
Биринҷосан ҷузъи таркибии «доруи Здренко» аст, ки барои табобати омос, газаку захми меъда истифода мешавад. Биринҷосан омили мусаккину қувватбахш ва табшикан низ ба ҳисоб меравад. Чун гиёҳи хушбӯй ба таом меандозанд. Баргу поя ва гули Биринҷосан 0,03-0,6 % (бехаш 0,1 %) равғани эфир (синеол, α-туйон, борнеол), 175 мг% витамини С, В1, каротин, моддаҳои даббоғӣ ва ғ. дорад.
Дар Фаронса, Марокаш, Олмон, Ҳиндустон, Хитой ва ғ. аз гулу барги Биринҷосан равғани эфир мегиранд.
Ҳоҷиматов М. Биринҷосан ⁄⁄Энсиклопедияи советии тоҷик (ЭСТ), Ҷ. 1. Д., 1978;
Холматов Х. Х. (ва диг.), Основные лекарственные растения Средней Азии. Ташкент, 1984;
Губанов И. А. Artemisia vulgaris — Полынь обыкновенная или чернобыльник. М., 2004.