Бифазилати Хуҷандӣ

Бифазилати Хуҷандӣ (1862, Хуҷанд — тақр. 1929) — шоираи тоҷик.

Бифазилати Хуҷандӣ
Таърихи таваллуд: 1862(1862)
Зодгоҳ: Хуҷанд
Таърихи даргузашт: 1929(1929)
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома вироиш

Дар оилаи зиёӣ таваллуд ёфтааст. Модараш — Хайруннисо шоира буд. Дар айёми хурдсол буданаш падару модараш даргузаштанд. Аз ҳунари кашидадӯзӣ касби маош мекард. Сӯзаниҳои дӯхтааш дар Хуҷанд машҳур буданд ва ӯро «Бибиотуни қаламкаш» мегуфтанд. Ба шеъргӯӣ аз хурдсолӣ шурӯъ кард. Аз ӯ дафтари ашъор боқӣ мондааст, ки онро муҳаққиқи зиндагию эҷодиёти шоираҳои Хуҷанд Эргашалӣ Шодиев дастрас кардааст. Ба ғайр аз ин, Бифазилати Хуҷандӣ шеърҳои модарашро дар се дафтар ҷамъ оварда будааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Худжанд (Энциклопедия). Д., 1999.

Сарчашма вироиш