Бишке́к (қирғ. Бишкек) — пойтахт, маркази маъмурӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, тиҷорат ва савдои Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад. Воҳиди махсуси маъмуриро ташкил мекунад, ки маркази маъмурии ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ ҳаст. Шаҳр дар шимолӣ Қиргизистон ҷойгир шудааст.

Шаҳр
Бишкек
қирғ. Бишкек
Bishkek.jpg
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар Қирғизистон
Координатаҳо 42°52′00″ а. шим. 74°34′00″ т. ш.HGЯO
Мэр Aziz Surakmatov[d]
Номҳои пешина Пишпек (то 1926)
Фрунзе (1926-1991)
Аҳолӣ 1,053,915 [1] нафар (2019)
Агломератсия зиёда аз 1 млн.
Ҳайати миллӣ қирғизҳо, инчунин русҳо (23,0%), ӯйғурҳо (1,6%), тоторҳо (1,5%), кореягиҳо (1,4%), ӯзбекҳо (1,4%), қазоқҳо (1,1%), украиниҳо (1%), дунганҳо (0,5%)
Ҳайати динӣ мусалмонон, масеҳиён
Номи қавмӣ бишкекӣ
Вақти минтақавӣ UTC+6
Коди телефон +996 312
Нишонаҳои почта 720001-720083[2]
Коди мошин B, E, 01
Сайти расмӣ meria.kg
(қирғ.)(рус.)(англ.)
Бишкек дар харитаи
Бишкек
Бишкек
Kyrgyzstan location map.svg

Масоҳати шаҳри Бишкек 169,9 км² — ро ташкил мекунад[3]. Аҳолиаш 860 ҳазор нафарро ташкил мекунад (бо аҳолии атрофаш 1 млн нафар, 2012).

ТаърихВироиш

Бишкек (то 1926 Пишпек, 1926-91 Фрунзе), пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон (аз соли 1991), маркази маъмурии вилояти Чу, воҳиди мустақили маъмурӣ-ҳудудӣ. Соли 1825 чун қалъаи Пишпек (Бишкек)-и хонии Хӯқанд бунёд ёфтааст. Дар авв. соли 1860 қалъа аз тарафи лашкариёни Россия забт карда шуда, хароб гардид. Соли 1918 дар ҳайати Ҷумҳурии мухтори Туркистон, аз 1924 маркази Вилояти мухтори Қароқирғиз (аз 1925-Қирғизистон) дар ҳайати ИҶШС. Соли 1926 (ба шарафи сарлашкари шӯравӣ М. В. Фрунзе) номи Фрунзеро гирифт. Аз соли 1926 пойтахти ҶМШС Қирғизистон ва аз 1936-пойтахти ҶШС Қирғизистон.

Аз соли 1870 лоиҳаи ба шаҳри замонавӣ табдил додани Бирҷ (Бишкек) тарҳрезӣ шуд. Аз соли 1930 сохтмони оммавӣ оғоз гардид.

Бирҷ ҳамчунин маркази илму маърифати мамлакат буда, дар он мактабҳои олӣ, интҳои таҳқиқотӣилмӣ, академияҳо (аз ҷумла Институтидавлатии санъати ба номи Бирҷ Бейшеналиева, Донишгоҳи миллии ба номи Ж. Баласанян, Донишгоҳи техникии ба номи И. Раззоқов, Донишгоҳи сохтмон, нақлиёт ва меъмории Қирғизистон, Донишгоҳи кишоварзии ба номи К. Скрябин, Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон, Институтиолии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон, Академияи давлатии тиббии ба номи И. К. Охунбоев, Академияи молиявӣ иқтисодӣ ва ғайра) фаъолият доранд. Дар Бирҷ Академияи илмҳои миллии Қирғизистон, осорхонаҳои таърихӣ, санъати тасвирӣ, ҳайкалтарошӣ дар майдони кушод, осорхонаи инфиродии (хонамузейи) М. В. Фрузне (дар Бирҷ таваллуд шудааст), осорхонаи инфиродии С. А. Чуйков, бостоншиносӣ (археологӣ), зоологӣ, минерология ва заминшиносӣ (геология), зиёда аз 20 боғи истироҳатӣ, театрҳои опера ва балет, драмавӣ, лухтак, инчунин филармония ва киностудияи «Қирғизфилм» мавҷуд аст. Бирҷ маркази тиҷорати минтақавӣ буда, дар ин ҷо додугирифти тиҷоратии Россия, Қазоқистон ва Хитой ба амал меояд.

ҶуғрофияВироиш

Дар водии Чу, дар доманаи қаторккӯҳи Қирғизистон ҷойгир аст.

АҳолӣВироиш

Аҳолиаш 965,9 ҳазор нафар (2017) [4]/ Асосан қирғизҳо, инчунин русҳо (23,0 %), ӯйғурҳо (1,6 %), тоторҳо (1,5 %), кореягиҳо (1,4 %), ӯзбекҳо (1,4 %), қазоқҳо (1,1 %), украиниҳо (1 %), дунганҳо (0,5 %) зиндагонӣ мекунанд.

Роҳҳо ва нақлиётВироиш

Ба воситаи роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард бо шарҳои Алмаато, Тошканд мепайвандад. Аэропорти байналмилалӣ (Манас) дорад. Бишкек маркази бузургтарини иқтисодӣ ва саноати мамлакат мебошад. Саноати мошинсозӣ ва таҳ­вили филиззот (электротехника, асбобсозӣ, мошинҳои ки­шоварзӣ), саноати сабук ва хӯрокворӣ тараққӣ кардааст.

ИқлимВироиш

Иқлими Бишкек
Нишондод Янв. Фев. Март Апр. Май Июн Июл Авг. Сен. Окт. Нояб. Дек. Сол
Максимуми миёна, °C 2,4 4,1 13,1 19,5 24,4 30,0 32,7 31,7 26,0 18,7 11,1 3,7 18,1
Ҳарорати миёна, °C −2,5 −0,3 7,6 14,0 18,2 23,3 25,6 24,4 19,1 12,5 5,9 −0,8 12,2
Минимуми миёна, °C −7,4 −4,7 2,0 7,9 11,9 16,5 18,4 17,1 12,1 6,2 0,5 −5,5 6,3
Сарчашма: www.weatheronline.co.uk

АдабиётВироиш

ПайвандҳоВироиш

ЭзоҳВироиш

  1. Population 2019-2020.
  2. Отделения связи. Бишкек. 8 апрели 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 май 2017.
  3. Demographic yearbok 2012 / United Nations. — Sixty-third issue. — N. Y., 2013. — P. 284. — 746 p.
  4. Численность населения областей, районов, городов и поселков городского типа Кыргызской Республики в 2017 г. постоянное население на 1 января 2017 года, наличное население 995,7 тыс. жителей