Қирғизистон

кишвар дар Осиё

Қирғизистон ё расман Ҷумҳурии Қирғизистон (қирғ. Кыргыз Республикасы) — кишварест дар Осиёи Миёна. Дар шимол — бо Қазоқистон, дар ғарб — бо Ӯзбекистон, дар ҷанубу ғарб — бо Тоҷикистон, дар ҷанубу шарқ бо Чин ҳамсарҳад аст. Пойтахташ — шаҳри Бишкек.

Ҷумҳурии Қирғизистон
қирғ. Кыргыз Республикасы
русӣ: Кыргызская Республика
Парчам Нишон
Шиор: нест
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Ҷумҳурии Қирғизистон|Суруди миллии Қирғизистон
]]»
Рӯзи истиқлолият (аз ИҶШС)
Забони расмӣ қирғизӣ
Пойтахт Бишкек
Шаҳри калонтарин Бишкек, Ӯш, Ҷалолобод, Қарокӯл
Идораи давлат Низоми нимариёсатӣ
Президент
Сарвазир
Содир Ҷабборов
Улуғбек Марипов
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
85-ум ҷой дар ҷaҳон
199,900 км²
3.6 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ
  • Зичӣ
110-ум ҷой дар ҷaҳон
5,264,000
нафар/км²
Пули миллӣ соми қирғизӣ
Интернет-Домен .kg
Коди телефон +996
Соат UTC +6
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}
Иссиқкӯл
Вилоятҳои Қирғизистон

Қирғизистон узви ИДМ (1991), СММ (1992), САҲА (1992), Созмони ҳамкории иқтисодӣ (1992), Созмони ҳамкории исломӣ (1992), Сандуқи байналмилалии пул (1992), СҶС (1998), Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд (1992), Созмони ҳамкории Шанхай (2001), Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (2001) ва ғ. мебошад.

Идҳои давлатии кишвар

вироиш
Рӯз Ном ба зобони қирғизӣ Ном ба забони тоҷикӣ
1 январ Жаңы жыл Соли нави мелодӣ
23 феврал Ата-Журтту коргоочунун күнү Рӯзи нигоҳдорандаҳои Ватан
8 март Эл аралык аялдар күнү Рӯзи байналхалқии занон
21 март Нооруз Наврӯз
5 май Конституция күнү Рӯзи Конститутсия
9 май Жеңиш күнү Рӯзи хотира
31 август Эгемендүүлүк күнү Рӯзи истиқлол
- Орозо айт Иди Рамазон
- Курман айт Иди Қурбон
 
Акси дашти Норин: аспҳо дар чарогоҳ

Сохти давлатӣ

вироиш

Қирғизистон давлати унитарӣ ва ҷумҳурии президентӣ буда, конститутсияаш 5.5.1993 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст (бо тағйиру иловаҳои соли 2007). Роҳбари давлат – Президент, ки дар асоси овоздиҳии мустақими пинҳонӣ (ҳуқуқи як бор аз нав интихоб шудан дорад) ба муҳлати 5 сол интихоб мешавад. Ба мақоми президентӣ шаҳрванди Қирғизистон, ки синну солаш аз 35 боло (то 65-сола) буда, забони давлатиро медонад ва 15 соли охир дар ҳудуди Қирғизистон зиндагӣ кардааст, ҳуқуқи интихоб шуданро дорад.

Мақоми олии қонунгузор парламенти якпалатагӣ буда, аз 90 вакил иборат аст, ки тибқи рӯйхатти ҳизбӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд. Мақоми олии ҳокимияти иҷроия аз ҷониби сарвазир – намояндаи ҳизби сиёсӣ, ки дар парламент зиёда аз 50%-и курсиҳоро соҳиб аст, идора карда мешавад.

Дар Қирғизистон низоми бисёрҳизбӣ амал намуда, «Оқ-Жол» (Роҳи дурахшон), Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон (1993) ва Ҳизби коммунистии Қирғизистон (1992) фаъолтарин ҳизбҳои мамлакат мебошанд.

Табиат. Релеф, сохти геологӣ ва сарватҳои табиӣ

вироиш

93%-и ҳудуди кишварро кӯҳҳо (88% с-кӯҳ) фаро гирифтаанд. Қирғизистон дар ҳудуди кӯҳҳои Тиёншон (дар шимолу шарқ), с-кӯҳҳои Ҳисору Олой (дар ҷанубу ғарб) ва Помир ҷойгир аст. Баландиҳои бузургтар дар қисми шимол ва ҷануби мамлакат воқеанд. Тақр. 90%-и ҳудуди Қирғизистон дар баландиҳои зиёда аз 1500 м ва 40% дар баландии бештар аз 3000 м қарор дорад; 14 қуллаи баландиашон бештар аз 6000 м, аз ҷумла қ. Ғалаба (Ҷенгиш Чокусу, 7439 м) – баландтарин қулла дар Қирғизистон ва Тиёншон, қ. Хан-Тенгри (6995 м) ва қ. Ленин (7134 м, дар Помир) дорад. Дар релефи Қирғизистон табдили с-кӯҳҳои арзӣ ва зерарзии васеъшуда ва нишебиҳои амиқи байникӯҳӣ, ки миёни ҳам тавассути дараҳо (Ала-Арча, Боом, Ҷети Оғуз, Ҷаман-Дабан, Кёл-Суу) пайвастаанд, мушоҳида мешавад.

С-кӯҳҳои ғарбиву шимолии Тиёншон ба шимол тӯл мекашанд: Талас Алатов (4484 м, ш. Манас), с-кӯҳи Қирғиз, ки миёни ҳам бо водию кӯҳистони Талас ҷудо шудаанд; Кюнгёй-Алатов (4771 м) ва Терскей-Алатов (5216 м), ки ҳавзаи Иссиқкӯлро аз шимол ва ҷануб иҳота кардаанд. Дар шимол, дар водии Чӯй силсилакӯҳи Қирғиз воқеъ буда, ба самти ғарб кушода аст. Қад-қади сарҳади ҷанубу шарқӣ ба самти шимолу шарқ ва ҷанубу ғарб дарозтарин с-кӯҳи Қирғизистон – Кӯкшалтов (қуллаи баландтаринаш Данков, 5982 м) тӯл кашидааст. Аз қ. Ғалаба то қ. Данков бузургтарин минтақаи яхбастаи Тиёншон (майдони умумиаш 983 км2) доман паҳн кардааст. Дар масири сарҳадди ҷанубӣ силсилакӯҳи Паси Олойи с-кӯҳи Помир ҷойгир аст.


Бахшбандии кишварӣ

вироиш

Ба воҳидҳои маъмурии кишвар дохил мешаванд:

  • 498 воҳиди мунисипалӣ, аз ҷумла:
    • 2 шаҳри тобеи ҷумҳурӣ,
    • 7 вилоят,
    • 40 ноҳия,
    • 28 ҷамоати шаҳрӣ,
    • 423 ҷамоати деҳотӣ (айыл өкмөтү).

Қирғизистон аз 7 вилоят иборат:

  1. Вилояти Бодканд
  2. Вилояти Чуй
  3. Вилояти Ҷалолобод
  4. Вилояти Норин
  5. Вилояти Ӯш
  6. Вилояти Талас
  7. Вилояти Иссиқкӯл

Иқлим

вироиш

Иқлими Қирғизистон муътадили континенталӣ мебошад. Релефи кӯҳӣ ва баландиҳои мураккаби дорои фосилаҳои калон боиси гуногунии зиёд дар шароити гармӣ ва дараҷаи рутубат шудаанд. Ҳарорати миёнаи январ дар доманакӯҳҳо аз –4°С (дар ҷанубу ғарб.) то –10°С (дар шимол), дар миёнакӯҳҳо –15–20°С, дар баландкӯҳҳо то –28°С; ҳарорати миёнаи  июл мутобиқан дар доманакӯҳҳо 25–27°С, дар водиҳои миёнакӯҳ 15–17°С ва дар баландкӯҳҳо ба +5–10°С мерасад. Дар водиҳо ва ҳамвориҳои байни кӯҳҳо фарқи калони ҳарорати шабонарӯзӣ ва солона мушоҳида мешавад (дар водии Чӯй то 8°С). Рӯзҳои офтобиаш дар 1 сол тақр. 300 рӯз. Дар нишебиҳои шамолраси Тиёншони Ғарбӣ (шимол, шимолу ғарб ва ғарб) миқдори боришоти солона 1000–1500 мм, дар шимол – 400–700 мм ва дар ҳамвориҳои миёни кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо 200–400 мм мешавад. Макони сербориши кишвар нишебиҳои ғарбии с-кӯҳҳои Фарғона ва макони хушктарин ғарби Иссиқкӯл (100–150 мм боришоти солона) мебошанд. Дар минтақаи баландкӯҳ яхбандиҳо ба таври равшан мушоҳида мешаванд. Хатти барф дар баландиҳои то 3000 м (дар шимол) ва 4000–4500 м (дар шарқ) воқеъ мебошад. Пиряхҳо (7,5 ҳазор адад) тақр. 4,1%-и масоҳати кишварро фаро гирифтаанд. Бузургтарини онҳо – Энгилчеки Ҷанубӣ (59 км), Кайингди (29 км), Мушкетов (20,5 км), Семёнов (20,2 км) дар Тиёншони Марказӣ воқеъ гардидаанд. Марказҳои яхбандӣ, ҳамчунин дар с-кӯҳҳои Кӯкшалтов, Олой ва Паси Олой (Корженевский, 19 км) низ мавҷуданд. Пиряхҳо дар ҳоли коҳишёбианд.

Обҳои дохилӣ

вироиш

Дар ҳудуди мамлакат беш аз 34 ҳазор дарёи хурду бузург мавҷуд аст, ки тӯли умумии онҳо 150 ҳазор км ва ҳаҷми миёнаи солонаи обашон 48 км3 аст. Дарёҳои нисбатан бузург (беш аз 100 км) – Нарин, Қародарё, Талас, Сариҷаз, Чатқал, Чу, Сух, Кекемерен, Исфайрам-Сой мебошанд. Рӯдҳо фасли тобистон сероб мешаванд.

Қирғизистон беш аз 1900 кӯл бо масоҳати 6836 км2 дорад. Бузургтарин кӯлҳои пайдоишашон тектоникӣ – Сонгкӯл (270 км2), Чатиркӯл (153 км2) ва яке аз бузургтарин кӯлҳои ҷаҳон дар минтақаи баландкӯҳ – Иссиқкӯл (дарозиаш 182 км, паҳнои калонтаринаш 58 км, ҷои амиқтаринаш 702 м). Аксари кӯлҳои Қирғизистон ҷоришаванда ва дорои оби ширин мебошанд. Оби кӯлҳои ҷоринашаванда – Иссиқкӯл ва Чатиркӯл шӯр аст. Дар рӯдҳои Нарин, Чу, Талас беш аз 34 обанбор бунёд шудааст. Канали бузурги Чу ки низоми рушдкардаи обёрӣ дорад, дар д. Чу сохта шудааст.

Аҳолӣ

вироиш
Мақолаи асосӣ: Аҳолии Қирғизистон
Сол Шумора
2009 5 362 800
2016 6 000 000
2017 6 201 500 [1]
2021 6 694 200 [2]


Хок, олами наботот ва ҳайвонот

вироиш

Мавқеи дохилиқитъавӣ, дурӣ аз баҳрҳову муҷоварат бо биёбонҳои Осиёи Миёна ва Марказӣ, баландии зиёд аз с. б. ва пора-порагии ҷиддии релефи ин кишвар, сабабҳои гуногунӣ ва рангорангии табиати он гаштаанд. Таркиби олами набототи кишвар 3,5 ҳазор намудро дар бар мегирад, ки аз ¼ онҳо хосси маҳалланд. Тағйирёбии ландшафтҳо хосияти баландӣ-минтақавӣ дорад. Дар доманакӯҳҳои берунии шимоли с-кӯҳҳои Тиёншон биёбонҳои ҳамвориҳои атроф ба нимбиёбонҳо иваз шуда, дар тирахокҳои манотиқи даштӣ явшону гиёҳҳои хӯшадор ба чашм мерасанд. Дар баландиҳои 900–1200 м онҳо ба даштҳои кӯҳӣ ва марғзории (бӯймодарон, сангдаваки марғзорӣ, чанголак) дорои хокҳои дорчинрангу сиёҳ табдил мешаванд. То 2800 м – минтақаи ҷангалӣ-марғзории даштӣ воқеъ аст, ки дар қисми поинии он (1700 м) рустаниҳои буттагӣ (настаран, зирк, бодом, писта, ангат), ҷангалҳои паҳнбарг (дар шарқ асосан ларзонбедҳо) ва дар қисми болои он, дар хокҳои торику рангаи кӯҳӣ-ҷангалӣ арчазор, дар ғарб сарвзор (сарви Семёнов) вомехӯранд. Болотар – дар хокҳои кӯҳӣ-марғзорӣ алафзори субалпӣ (шемюр, кафшагул, савсан, шақоиқ) ва алпӣ (рофигул, қоқу, пирсунбули алпӣ, гули минои алпӣ, пиёзи Семёнов, барчак) мерӯянд. Дар нишебиҳои ҷануби Чаткал, ғарби с-кӯҳҳои Фарғона, кӯҳҳои ҷануби мамлакат, нимбиёбонҳо ва даштҳои кӯҳӣ, қисмҳои поинии нишебиҳо хосияти субтропикӣ дошта, биёбонҳои рустаниҳояшон  бебақо (эфемери)-ро дар ҳамвориҳои наздикӯҳӣ иваз мекунанд. Нимбиёбонҳои эфемерӣ-явшонии доманакӯҳҳо бо баландшавӣ дар нишебиҳо ба даштҳои хӯшагиёҳдор табдил мешаванд, ки дар онҳо марғ, гӯргиёҳ, ҷавпиёз ва шумори зиёди эфемерҳо мерӯянд.

Олами ҳайвоноти Қирғизистон беш аз 80 ҳазор намуд ширхӯрон, 330 намуд паранда, қариб 40 намуд моҳӣ ва 30 намуд хазандаҳову обхокиҳоро дар бар мегирад. Дар биёбон ва нимбиёбонҳо асосан хазандаҳо (сангпушти даштӣ, мори печони шарқӣ, ғизол, калтакалос, сусмор, гурза, тирмор, баҳтур), хояндаҳо (юрмони зард, тавушқони калон ва хурд, рӯбоҳ, харгӯши хокӣ, хорпушт); аз парандаҳо кавкари шикамсиёҳ, севгари биёбонӣ, майнаи гулобиранг вомехӯранд. Дар даштҳо обхокиҳо бисёранд (ғуки сабз, қурбоққаи кӯлӣ), аз хазандаҳо сангпушти осиёимиёнагӣ, агама (калтакалос)-и ҳимолойӣ, мори нақшин, афъии даштӣ; аз парандаҳо чаковак, кабк, кӯкқарға, бедона, тазарв, гунҷишки даштӣ, орухӯрак, ҳудҳуд, аз парандаҳои даранда – чарғ, қирғӣ, боз, уқобҳои даштӣ зиндагӣ доранд. Аз ширхӯрон муши саҳроӣ, суғур, мири мушон, юрмони зард, тавушқон, гург, рӯбоҳ, қашқалдоқ паҳн шудаанд. Дар ҷангалҳо хирси малла, силовсин, гург, гуроз, оҳу, савсор, қоқум, гавазни сершох (марал); аз парандаҳо – титав, шоҳин, бум, эзорсурхак, булбул, фотимачумчуқи сиёҳ, таранди сабз ва ҳиндӣ, саҳраи парпоро вохӯрдан мумкин аст. Дар баландкӯҳҳо паланги барфӣ ва суғури Мензбир (ба Китоби сурхи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ворид шудаанд), бузи кӯҳӣ, гӯсфанди кӯҳӣ (архар), санҷоб, гуроз, оҳу; аз парандаҳо – кабки дарӣ, савсори сангӣ, уқоб, мурғи марҷони ҳиндӣ, шунқор ва каргас сукунат доранд. Дар Иссиқкӯл чебак, моҳии дучина, суфмоҳӣ, симмоҳӣ, ширмоҳӣ, зағорамоҳӣ, озодмоҳӣ парвариш мешаванд. Дар Сонгкӯл ва Чатиркӯл парандаи қадимӣ – қози кӯҳӣ зиндагӣ мекунад.

Ҳудуди табиии ҳифзшаванда 15%-и масоҳати кишварро фаро гирифта, аз 7 мамнуъгоҳи давлатӣ (Иссиқкӯл, Беш-Арал, Сари-Челек, Нарин, Каратал-Жапирик, Саричат-Эрташ, Падиша-Атин) иборат аст. Ҳамчунин, дар Қирғизистон 6 боғи табиӣ ва миллӣ, аз ҷумла Ала-Арча, Чонг-Кемин, Қарокӯл, Қирғиз-Атин  мавҷуд аст. Ҳудуди мамнуъгоҳҳои Иссиқкӯл ва Сари-Челек ба рӯйхатти захираҳои биосферии ЮНЕСКО дохил карда шудаанд.

Иқтисод

вироиш

Қирғизистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки дар ҳоли гузариш ба иқтисоди бозорӣ қарор дорад. Кишвари рӯ ба тараққӣ буда, кишоварзӣ бартарӣ дорад. ММД (аз рӯи баробарии қобилияти харидорӣ) – 11,64 млрд доллар. Сохтори ММД: кишоварзӣ  29,8%, саноат 19,7%, хидматрасонӣ 50,6%. Манбаъҳои асосии даромади буҷет – маблағҳои интиқолнамудаи муҳоҷирони корӣ аз хориҷи кишвар (асосан аз Руссия ва Қазоқистон) ва даромадҳо аз ҳисоби истихроҷу содироти тило.

Кишоварзӣ

вироиш

Заминдории обӣ дар водиҳо ва воҳаҳо маъмул аст. Дар шимол асосан гандум, лаблабуи қанд, сабзавот, рустаниҳои буттамевагӣ ва равғани эфирдор; дар ҷануб шолӣ, ангур, пахта, тамоку мекоранд. Боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва дар ҷануб асосан кирмакдорӣ маъмул аст. Парвариши чорвои маҳинпашм, дар шимол чорвои ширдеҳ, дар кӯҳҳои Тиёншон асппарварӣ ва дар Помиру Олой қутоспарварӣ ба роҳ монда шудааст. Дар Иссиққӯл моҳипарварӣ рушд кардааст.

Саноат

вироиш

Суръати рушди истеҳсоли молҳои саноатӣ 10,7%. Истихроҷи ангиштсанг (Тош-Кумир, Кок-Ҷангак, Ҷергалан) ва ангишти қаҳваранг (Сулукта, Қизил-Кия, Каҷи-Сой), нафту гази табиӣ (Майлуу-Суу, Чангир-Тош), маъданҳои полиметаллӣ (Сумсар), тило (Кумтор), сурма (Қадамҷой), симоб (Ҳайдаркен, Чаувай), намаки ошӣ (Кочкор, Кетментеппа). Маъданҳои уран солҳои 1940–60 бо суръати нисбатан баланд истихроҷ мешуданд.

Тавлиди неруи барқ яке аз соҳаҳои рушдкарда ва ҷалбкунандаи сармоягузорон аст. Неругоҳҳои барқи обӣ 92%-и тамоми қувваи барқро тавлид мекунанд (маҷмуи НБО дар д. Нарин – Токтогул, Курпсой, Учқурғон, Тош-Кумир, Шамалди-Сой, инчунин НБО-и Ат-Башин дар д. Ат-Баши ва 10 НБО-и хурд). Бунёди иншооти энергетикӣ дар оянда низ ба нақша гирифта шудааст.

Соҳаи муҳимтарин ва содиротии саноати Қирғизистон истихроҷ ва коркарди филиззоти ранга аст.

Мошинсозӣ ва истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ (Бишкек, Ӯш, Ҷалолобод, Майлуу-Суу, Каинди, Бистровка, Кайҷи-Сой, Қаракӯл), масолеҳи бинокорӣ (Бишкек, Кант, Ак-Булак, Нарин, Талас, Ҷалолобод, Ӯш, Қизил-Кия), саноати бофандагӣ, коркарди шакар, тамоку, хӯрокворӣ равнақ доранд. Аз ҳунарҳои дастӣ дар Қирғизистон истеҳсоли зарфҳои чармӣ барои кумис, ғилоф барои косаҳо, қолинҳои намадии нақшин, кулоҳҳои намадии сафед, зарфҳо ва косаҳо, сандуқҳо ва қуттиҳои чӯбӣ, дастбандҳо ва ҳалқаҳо рушд кардаанд.

Нақлиёт

вироиш

Қирғизистон-ро кӯҳҳо ба ду қисми алоҳида тақсим кардаанд: Қирғизистон-и Шимолӣ ба шабакаи нақлиёти Қазоқистон, Қирғизистон-и Ҷанубӣ – ба шабакаи нақлиёти Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар водии Фарғона ҳамроҳ мешавад. Намуди асосии нақлиёт – автомобил аст. Роҳҳои асосии нақлиётӣ: Луговая – Бишкек – Иссиқкӯл; шоҳроҳҳои баландкӯҳи Бишкек – Токтогул – Тош-Кумир – Ӯш, Ӯш – Сари-Тош (оғози шоҳроҳи Помир), Балиқчи – Кочкорка – Нарин – Ат-Баши; шоҳроҳи Ӯш – Қизил-Кия – Сулукта. Ҷудо будани ҳудуд ба воситаи кӯҳҳо ба рушди хатсайрҳои ҳавоӣ сабаб шудааст: фурудгоҳҳои асосӣ Бишкек (Манас), Ӯш, Чолпон-Ато, Тамчи (байналмилалӣ дар Иссиқкӯл) мебошанд. Дар қаламрави Қирғизистон шохаҳои р. о. ба Сулукта, Қизил-Кия, Ӯш, Кок-Ҷангак, Тош-Кумир, Бишкек – Балиқчи ворид мешаванд. Дарозии умумии р. о. 470 км, роҳҳои автомобилгард – 18,5 ҳазор км (аз ҷумла 16,9 ҳазор км бо сатҳи сахт ва 140 км шоҳроҳҳо), 600 км роҳҳои обӣ, лӯлаҳои газ – 367 км.

Сайёҳӣ

вироиш

Соле ба Қирғизистон 2 млн (2021) сайёҳи хориҷӣ меояд. Хатсайри сайёҳии «Роҳи Абрешим» (Ӯш – Токтогул – Қарабалта – Бишкек – Балиқчи – Нарин – ағбаи Торугарт – Кошғар) тавассути Қирғизистон мегузарад. Дар Қирғизистон минтақаҳои истироҳатӣ (кӯли баландкӯҳи Иссиқкӯл бо истироҳатгоҳҳои Чолпон-Ата, Тамга, Оқсу), мавзеъҳои сайёҳии табиӣ (дараи кӯҳнавардии қ. мармарии Хан Тенгри, дараи Ала-Арча, қуллаҳои с-кӯҳи Қирғиз, Семёнов-Тяншанский, Корона, Кореяи Озод), дараҳо ва пиряхҳои Тиёншон ва Помиру Олой; шаршараҳои Арслонбобо, Абширсой, Байскаун; харсангҳои сурх дар шакли сари барзаговҳо – «Ҳафт барзагов» (Джети-Огуз), осоишгоҳҳои балнеологӣ ва ҳароратӣ дар Ҷалолобод, Иссиқ-Ато, Қизил-Булоқ, Ҷети-Оғуз, Оқсу, Олтин-Арашан дар наздикии Қаракӯл, пойгоҳҳои лижаронии назди Бишкек, рафтинг (салронӣ дар дарёҳои тези кӯҳӣ) дар дарёҳои Чу, Чон-Кемин, Кёкёмерен, Нарин; сайёҳии аспдавонӣ мавҷуданд.

Маориф ва илм

вироиш

98,7%-и аҳолии аз 15-сола боло босаводанд. Таҳсилот дар Қирғизистон дар асоси қонуни маориф сурат мегирад. Низоми муосири таълими Қирғизистон аз таҳсилоти томактабӣ, умумӣ, касбӣ ва олӣ иборат аст. Таҳсилоти миёнаи пурра – 11 сол. Таҳсилоти асосӣ аз се давра: давраи 1 – мактаби ибтидоӣ барои кӯдакони 6–7 сола (синфҳои 1-4), давраи дуюм – таҳсилоти миёнаи асосӣ (синфҳои 5–9) ва давраи таҳсилоти миёнаи пурра, ки дар ин марҳила омодагӣ барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ дида мешавад (синфҳои 10–11 дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, мактабҳои миёнаи махсус, гимназияҳо, литсейҳо – ҳам дар мактабҳои давлатӣ ва ҳам хусусӣ) иборат аст. Таҳсили ибтидоӣ ва асосӣ ҳатмӣ ва ройгон аст. Таҳсилоти миёнаи умумӣ дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва музофотӣ низ ройгон мебошад. Дар Қирғизистон 2 ҳазор мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият дорад.

Ба низоми таҳсилоти касбӣ муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ (литсейҳо, омӯзишгоҳҳо ва ғ.), ки коргарони баландихтисосро омода мекунанд, инчунин маълумоти миёнаи касбӣ (омӯзишгоҳҳо, коллеҷҳо, техникумҳо; тақрибан 80 муассисаи таълимӣ) дохил мешаванд.

Ба низоми таҳсилоти олӣ донишгоҳу донишкадаҳо ва академияҳо дохиланд. Бузургтарин донишгоҳҳо дар Бишкек ҷойгиранд: Д-гоҳи миллии Қирғизистон ба номи Юсуфи Балосоғунӣ (1932), Д-гоҳи славянии Қирғизистону Руссия, Д-гоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ, Д-гоҳи байналмилалии Қирғизистон. Ҳамчунин Д-гоҳи Иссиқкӯл ба номи К. Тинистанов (Қарокӯл, 1940), Д-гоҳи давлатии Ӯш (1951), Д-гоҳи Ӯзбекистону Қирғизистон (1994), Д-гоҳи технологии Ӯш (1996), Д-гоҳи Ҷалолобод (1993), Д-гоҳи давлатии Нарин (1996), Д-гоҳи Осиёи Марказӣ (Нарин, 2016) ва чандин донишгоҳи дигар фаъолият доранд.

Муассисаи асосии илмии Қирғизистон Академияи миллии илмҳо (1934) мебошад. Он тақр. 20 институти илмиро дар ихтиёр дорад. Дар ш. Ӯш институтҳои масъалаҳои тиббӣ; илмҳои иҷтимоӣ; технологияҳои нав; дар Ҷалолобод – институтҳои биосфера; энергетика ва микроэлектроника фаъолият доранд.

Адабиёт

вироиш

Адабиёти Қирғизистон асосан бо забони қирғизӣ рушд мекунад. Адабиёти хаттии қирғиз дар асоси эҷодиёти шифоҳии мардум (сурудҳои чӯпонӣ, лирикӣ, зарбулмасалҳо, мақолҳо ва ғ.) пайдо шудааст. Ҳамосаи «Манас» – достони таърихӣ-эпикӣ дар бораи корнамоиҳои барҷастаи қаҳрамони миллии қирғизҳо –  Манас дар адабиёти қирғиз мавқеи махсусро ишғол кардааст. Ғояи асосии ин ҳамосаро муборизаи тӯлонии қирғизҳо барои истиқлол ташкил медиҳад.

Дар асри 19 ва ибтидои асри 20 эҷодиёти шифоҳии қирғиз таҷассуми худро дар ашъори акинҳо (достонсароёни халқӣ ва иҷрокунандагони сурудҳо) пайдо кард. Адибони машҳури он давра Токтогул Сатилганов, Тоголок Молдо, Калигул, Арстанбек, Молдо Қилич ва дигаронанд. Шеъри акинҳо ба эҷоди робитаҳои байни унсурҳои шифоҳии халқӣ ва хусусиятҳои матни хаттӣ мусоидат намуд. Дар нимаи дуюми асри 19 пас аз вуруди Қирғизистон ба ҳайати Руссия фарҳанги қирғиз зери таъсири адабиёти рус қарор гирифт.

Баъди соли 1917 рушди адабиёти миллии қирғиз оғоз ёфт. Соли 1924 аввалин рӯзномаи қирғизӣ «Эркин-тоо» («Кӯҳҳои озод») ба табъ расид, соли 1926 нашриёти давлатии Қирғизистон ташкил шуд, ки асарҳои адибони ҷавонро чоп мекард. Нахустин иттиҳодияи адибони қирғиз «Қизил учкун» («Шарораи сурх») соли 1927 ва соли 1928 – маҷаллаи ҷамъиятию сиёсии «Ҷани Маданият Ҷолунда» («Роҳ ба сӯи фарҳанги нав») таъсис ёфтааст.

Дар нимаи дуюми асри 20 дар бораи ҳаёти мардуми қирғиз асарҳои насрӣ: достони «Хушбахтӣ» ва романи «Дар соҳили Иссиқкӯл»-и Баялинов (ҳар ду – 1947), романҳои «Одамони рӯзҳои мо»-и Сидиқбеков (1948, Ҷоизаи давлатии ИҶШС, 1949), «Роҳ ба сӯи хушбахтӣ»-и Ш. Бейшеналиев (китобҳои 1-2, 1957–62) ва ғ. эҷод шуданд.

Эҷодиёти инсонпарваронаи Нависандаи халқии Қирғизистон Ч. Айтматов (повестҳои Ҷамила», 1958, «Муаллими аввалин», 1969 ва ғ.), ки мушкилоти маънавии зиндагӣ, ахлоқ ва масъулиятро ба миён гузоштаанд, ба сарвати маънавии ҷаҳонӣ мубаддал гаштаанд. Соли 1974 аз рӯи асари «Қуллаи Фудзияма»-и Ч. Айтматов дар Театри давлатии академии драмавии тоҷик ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоишнома ба саҳна гузошта шуд. Аксар асарҳои ӯ (аз ҷумла  «Ҷамила», «Киштии сафед» ва «Алвидоъ Гулсарӣ») ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд.

Солҳои 70-80 асарҳои насрӣ дар мавзуъҳои таърихӣ, фалсафӣ ва динӣ шуҳрат пайдо карданд (Қосимбеков, М. Гапаров, О. Айтимбетова, Ж. Жапиева, А. Саспаева; назми лирикии Н. Байтемиров, С. Эралиев, С. Ҷусуев, Н. Жаркинбоев ва дигарон).

Дар Қирғизистон 140 рӯзнома нашр мешавад, ки беш аз нисфи онҳо ба забони қирғизӣ мебошанд. Аввалин рӯзнома бо забони қирғизӣ «Эркин-Тоо» «Кӯҳҳои озод» соли 1924 дар Тошканд таъсис дода шуд (аз соли 1996 ба забони русӣ нашр мешавад). Маъруфтарин рӯзномаҳо: ба забони қирғизӣ – нашрияи ҳукуматии «Кыргыз Туусу» (1924), «Агым» (1992); ба забони русӣ - нашрияи ҳукуматии «Слово Кыргызстана» (1925), «Вечерний Бишкек» (1974), «Дело №...» (1991), «Моя столица – новости» (2001) ва ғ. Рӯзномаҳои минтақавӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ (бо забонҳои русӣ, англисӣ ва қирғизӣ нашр мешаванд). Радиошунавонӣ аз соли 1931 ва барномаҳои телевизионӣ аз соли 1958 пахш мешаванд. Мақомоти идоракунии давлатӣ дар самти телевизион ва радио – Ширкати миллии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад.

Пайвандҳо

вироиш
 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
  1. база данных Всемирного банкаБонки ҷаҳонӣ.
  2. база данных Всемирного банкаБонки ҷаҳонӣ.


 
Созмони ҳамкории Шанхай
 
Қазоқистон  | Қирғизистон  | ҶХЧ  | Русия  | Тоҷикистон  | Ӯзбекистон
Кишварҳо-мушоҳидачиён: Ҳиндустон | Эрон | Муғулистон | Покистон


 
Иттиҳоди иқтисодии Евразия
Қазоқистон  | Қирғизистон  | Беларус | Русия  | Тоҷикистон |  Ӯзбекистон |
Кишварҳо-мушоҳидачиён: Арманистон | Молдова | Украина