Бластула
Бла́стула (юн. blastos — ҷанин) — давраи инкишофи ҷанини ҳайвоноти серҳуҷайра (ғайр аз ширхӯрҳо ва одам), ки бо ҳамин тақсимшавии тухми бордор ба итмом мерасад.
Сохти ҷанин дар давраи Бластула ба сохти тухм ва тарзи тақсимшавӣ вобаста аст. Ҳангоми тақсимшавии пурра (дар сӯзанпӯстҳо, лансетник, обхокиҳо, тосмоҳиҳо ва ғайра) селобластула (ҷанини куррашакл, ки ҷавфи он пур аз моеъ аст — бластотсел) ба вуҷуд меояд. Бластула аксар дар қисми болои ҷанин, вале баъзан дар маркази он ҷой мегирад. Девораи бластула. (бластодерма) аз як ё чанд қатор ҳуҷайра иборат аст. Дар ҳайвоноте, ки тақсимшавии ҷанин ба таври морпеч мегузарад (дар аксари нармбаданҳо, баъзе кирмҳо ва ғайра), Бластулаи беҷавф (стерробластула) ҳосил мешавад. Ҳангоми тақсимшавии пурра (Масалан дар моҳиҳои устухондор, наҳангҳо, хазандаҳо, парандаҳо ва ғайра) дискобластула ба вуҷуд меояд. Дар вақти тақсимшавии ҷузъии сатҳӣ (дар баъзе бандпойҳо) перибластула, ки ҷавфи он пур аз зардӣ аст, ташаккул меёбад. Дар ширхӯрҳо ва одам дар вақти тақсимшавии тухм бластотсиста ба вуҷуд меояд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Бластула // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.