Ҷанин
Ҷанин ё эмбрион (юн.-қад. ἔμβρυον), — организме, ки дар давраи аввали инкишоф бошад. Ҷанин одатан аз тухми бордор инкишоф ёфта, аз захираи моддаҳои ғизоии организми модар ғизо мегирад. Ҷанини баъзе ҷонварони бемӯҳра, наҳанг, мӯҳрадорҳои дараҷаи олӣ ва одам бо ҷанинпарда, ки онро аз ҳар гуна офат эмин медорад, иҳота шудааст. Аксари организмҳо 3 баргаки ҷанин доранд: берунӣ (эктодерма), дарунӣ (энтодерма) ва мобайнӣ (мезодерма). Аз эктодерма дар рафти инкишофи ҷанин асаб, пӯст, мӯй, ғадудҳои пӯст, нохун ва ғайра, аз энтодерма пардаи луобии системаи ҳозима, аъзои нафас, ғадудҳои ҳозима ва аз мезодерма узвҳои ихроҷ, аъзои ҷинсӣ, рагҳои хунгард, мушакҳо, скелет ва ғайра ба вуҷуд меоянд.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Энсиклопедияи мухтасари тиб. Ҷилди V. ТРИХОФОБИЯ — ЯРМА. — Душанбе: СИЭМТ, 2012. — 488 с. — ISBN 978-99947-33-47-7
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |