Бобои Валии Қандаҳорӣ
Бобои Валии Қандаҳорӣ — яке аз орифони бузурги олами ислом.
Таърихи таваллуд | охирҳои асри XV |
---|---|
Зодгоҳ | Кашмир |
Таърихи даргузашт | аввалҳои асри XVI |
Зиндагинома
вироишБобои Валии Қандаҳорӣ дар охирҳои асри XV ва аввалҳои асри XVI ҳаёт ба сар бурдааст. Ривоят ҳаст, ки дар Кашмир мактаби хоси худро таъсис дода будааст. Ӯро ҳамчун шайхи бузургу комил эътироф мекардаанд. Бобои Валӣ аслан тобистонҳо ба мавзеи Қалъаидашт омада, аз гармои тобистон паноҳ мебурдааст. Боду ҳаво ва табиати нотакрору сеҳрангези сарзамини тоҷикон ӯро мафтун кардааст. Айёми пирӣ шайх ин мавзеъро манзили иқомат ихтиёр менамояд. Дар ин ҷо шогирдони зиёде тарбия намуда, ба воя мерасонад ва дар рушди ислом, фарҳанги исломӣ, хоса ривоҷи тариқати нақшбандия саҳми сазовор мегузорад. Деҳаи Бобои Валӣ маҳз ба шарафи номи ӯ «Бобои Валӣ» номгузорӣ шудааст. Мадфани ин ориф дар деҳаи Бобои Валӣ ҷойгир буда, имрӯз мавзеи зиёратгоҳи эътиқодмандон мебошад.
Сарчашма
вироиш- ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.