Қалъаи Дашт
Қалъаидашт — деҳа дар ҷамоати деҳоти Қалаидашти ноҳияи Файзобод. Дар қисми шарқии ноҳия, 18 км аз маркази ноҳия ва 75 км аз шаҳри Душанбе дар шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ воқеъ гардидааст. Аҳолиаш 707 нафар (2010), тоҷикон. Аз 116 хоҷагӣ иборат аст. Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, нуктаҳои хидматрасонии маишӣ, 4 мағоза дорад. Мардуми деҳа ба ғаллакорӣ, чорводорӣ, картошкапарварӣ, боғдорӣ машғуланд. Заминҳо аз дарёи Элок ва чашмаҳои кӯҳӣ обёрӣ мешаванд.[1]
Қалъаи Дашт | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Ноҳияҳои тобеи марказ |
Ноҳия | Файзобод |
Ҷамоат | Деҳоти Қалаидашт |
Аҳолӣ | 707 нафар (2012), тоҷикон |
Хоҷагӣ | 116 |
Эзоҳ
вироиш- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.