Бобои Файз
Файзи Сулаймон бештар машҳур ба Бобои Файз (18 июни 1938, Себистон, Данғара, вилояти Хатлон, ҶШС Тоҷикистон - 25 майи 2020, Данғара, Тоҷикистон) — овозхони халқии тоҷик.
Файзи Сулаймон | |
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 1938 |
Зодгоҳ | Себистон, Ноҳияи Данғара, Хатлон, Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 25 май 2020 (82 сол) |
Маҳалли даргузашт |
ноҳияи Данғара, Тоҷикистон |
Солҳои фаъолият | ?-2020 |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Сабк | фолклор |
Зиндагинома
вироишФайзи Сулаймон соли 1938 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Дар Тоҷикистон ӯро ҳамчун Бобои Файз мешинохтанд.
Бобои Файз ҳанӯз аз синни 9-солагӣ ба навиштани шеър оғоз намуда бисёр ба таронасароӣ майл доштааст. Баъди хатми мактаб ӯ ба унвони ронанда дар «Хонаи маданият» фаъолият кардааст. Баъдан худро дар риштаи овозхонӣ дар ҷои кораш санҷидааст, ки ба директорашон писанд омадааст.
Ӯ бо таронаи «Очата бугу», ки дар намоиши театрӣ ба ифтихори ҷашни «Наврӯз» иҷро шуд, маъруф гашт. Бобои Файз соли 2013 ҳангоми сурудани ин тарона дар ҷашни Наврӯз ба Эмомалӣ Раҳмон таассуроти зиёд гузошта буд.
Суруди «Очата бугу», бо шеваи забони тоҷикӣ сароида шудааст аз тарафи мухлисон баҳои баланд гирифтааст. Соли 2019 Бобои Файз сурудро дар шакли бадеҳа бо Михаил Ломоносов иҷро карданд, ки зиёда аз панҷ миллион бинанда дошт.
Бобои Файз оилаи калон дошта бо ҳамсараш соҳиби 8 фарзанд буданд.
Бобои Файз 25 майи соли 2020 аз сактаи қалб дар синни 82-солагӣ аз олам чашм пӯшид[1].
Таронаҳо
вироиш- Очата бугу
- Мебинуму зиқ мешам
- Аммаи ман хушрӯяй
- Занакои лаби об меган (бо Дон Жуан)
- Зан рафиқи ҳаётай (бо Михаил Ломоносов)
- Пулдор бошм (бо Михаил Ломоносов)
... ва ғайраҳо
Баъд аз марги ӯ Ҳасани Чилла сурудеро бахшида ба Бобои Файз иҷро намудааст.