Бобопирак (лот. Clematis orientalis) — рустаниест печактана.

Бобопирак
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Clematis orientalis L.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ вироиш

Дарозии танааш 4—12 метр. Пояаш борики сербанд, хокистарранги кушод, одатан хамида. Баргаш сабзи кушод, пармонанди думчадароз. Баргҳои якумаш яклухт, баргҳои минбаъдааш дандонадор мешаванд. Гулаш зардтоб, хӯшагулаш ҷорӯбак, дар бағали баргҳо ҷой гирифтааст. Мевааш сертухм. Нимаи дуюми моҳи март барг мебарорад, август—октябр шукуфта тухм мебандад. Дар табиат аз тухм афзоиш меёбад. Навдаҳои борику дарози бобопирак ба рӯи сангҳо паҳн мешаванд, ба шохи дарахтон часпида, то нӯги онҳо мепечанд.

Густариш вироиш

Бобопирак дар Тоҷикистон қариб дар ҳама ҷо (қаторкӯҳҳои Қурама, водии дарёи Сир, қаторкӯҳҳои Туркистону Зарафшон, нишеби қаторкӯҳҳои Ҳисор, Пётри I, Қаротегину Дарвоз, Рангон, Ғозималик, водии дарёи Ванҷ, қаторкӯҳҳои Рӯшону Шохдара ва ғайра) паҳн гардидааст. Одатан дар баландиҳои 400—2500 м аз сатҳи баҳр (баъзан то 4000), дар тӯғайзор, бешазори дарахтони паҳнбарг, арчазор, якҷоя бо дарахтони бед, сафедор, тӯс, ангат ва ғайра мерӯяд.

Корбурдҳо вироиш

Барои сабзкории шаҳру ноҳияҳо истифода мешавад.

Заҳрнокӣ вироиш

Бобопирак рустании заҳрнок аст; баргҳои тару тозаи он пӯстро месӯзонанд. Мавсими беҳтарини кишти бобопирак баҳор ё тирамоҳ мебошад. Ниҳоли 2, 3 ё 4-солаашро ба ҷои доимӣ кӯчат мекунанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Запрягаева В. И. Лесные ресурсы Памиро-Алая. Л., 1976.

Сарчашма вироиш