Бобопирак (намоишнома)
Бобопирак — намоишнома иборат аз суруду рақс ё худ драмаи халқии мусиқӣ, ки асосан дар Кӯҳистони Бадахшон ва баъзе ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб паҳн гашта, дар асоси ривояти қадимии шарқӣ пайдо шудааст.
Ном
вироишАз ин ривоят дар Бобопирак танҳо мушоираи малика ва пирмард интихоб гардидааст. Номи Бобопирак аз ниқобе, ки ҳангоми бозӣ ба рӯй мекашанд, гирифта шудааст. Намоишномаро «Пирак», «Пиракбозай», яъне «Пиракбозӣ» меноманд.
Саҳна
вироишДар он ду марди ҳаваскор ва якчанд дойирадасту нақаротчӣ иштирок мекунанд. Аз ду мард яке нақши Бобопирак ва дигаре нақши занро мебозанд. Бобопирак ба рӯяш ниқобе мепӯшад, ки аз чӯбкаду ё пӯсти буз сохта мешавад ва ҷойи чашму даҳон сӯрох аст. Ӯ аз пашми сафеди буз абрӯю ришу мӯйлаб ва аз чӯб ё хамир бинӣ месозад. Бобопирак пӯстин пӯшида, миёнашро бо ресмон мебандад. Аз таги пӯстин латтапораҳо гузошта, шикамашро калон мекунад, инчунин эзори пашмин («рағза») пӯшида, ба дасташ асо мегирад. Иҷрокунандаи нақши зан либосҳои идонаи занона ба бар карда, нисфи поини рӯяшро бо рӯймол мепӯшад ва рӯймоли дигареро ба сар мегирад. Онҳо бо навбат рубоӣ хонда, ҳар дафъа баъди анҷоми он хиромон ба рақс медароянд, саҳнаро як давр зада, ҷойи худро иваз мекунанд. Қисми асосии намоишнома, яъне байтбарак зимни эҳсосот базлагӯӣ, ҳозирҷавобӣ, табъи шоирӣ ва ҳаяҷони қаҳрамононро ифода менамояд. Қисми дуюм барои бадеҳагӯӣ имкон медиҳад ва бештар аския, муболиға, ҳаҷв ва ришхандро тақозо дорад. Дар Бобопирак ҳар нақш иҷрокунандаи доимӣ дорад. Ҳунарпешагон солҳои дароз дар тӯю маъракаҳо ҳунарнамоӣ намуда, нақши худро сайқал медиҳанд.
Дар театр
вироишАз рӯйи он мазҳаканависи итолиёӣ Карло Готси (а. 18) пйесаи машҳури худ «Турандот»-ро таълиф намудааст. Ин асар бо номи «Маликаи Турандот» ду бор дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ ба саҳна гузошта шудааст (1934, 2009).
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бобопирак / Н. Нурҷонов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. — Душанбе: Эр-Граф, 2017. — С. 62. — 280 с.
- Нурджанов Н. Х. Театральные маски Памира // Искусство таджикского народа. Вып. 4. Д., 1979;
- Нурджанов Н. Х. Традиционный театр таджиков. Т. 2. Д., 2002.
Пайвандҳо
вироиш- Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ. www.pitfi.tj. 19 феврали 2019 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)