Боборикин, Владимир Михайлович
Боборикин Владимир Михайлович (русӣ: Боборыкин Владимир Михайлович; тав. 15 июни 1922, деҳаи Левковои ноҳияи Уваров, вилояти Маскав) — рассом, Рассоми халқии ҶШС Тоҷикистон (1982), Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1967). Ширкаткунандаи ҶБВ (1941—1945).
русӣ: Боборыкин Владимир Михайлович | |
Таърихи таваллуд | 15 июн 1922 (102 сол) |
Зодгоҳ: | деҳаи Левково, ноҳияи Уваров, вилояти Маскав |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Мактаби рассомии Маскав (1947) ва Институти рассомии Ленинград ба номи И. Репин (1954). Солҳои 1954—1988 муаллими Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимови шаҳри Душанбе буд. Аз соли 1988 нафақир. Аз соли 1996 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия зиндагӣ мекунад.
Фаъолияти эҷодӣ
вироишВладимир Боборикин роҷеъ ба сулҳу амният, комёбиҳо, пешрафту дигаргуниҳои сарзамини тоҷикон асари бисёре офаридааст. Ӯ қаҳрамонҳояшро аз байни коргарону деҳқонон интихоб намуда, дар портретнигорӣ ва жанрҳои гуногуни санъати рассомӣ истеъдоди баланд нишон додааст. Мусаввараҳои «Рехтагари номӣ Фозилов», «Мактаби маҳви бесаводӣ», «Дар толори интизорӣ» (ҳар се 1955—1957) таассуроти мушоҳидаҳои аввалин ва шиносоии Владимир Боборикин бо Тоҷикистон аст. Владимир Боборикин солҳои 1962—1963 ба Помир сафар карда, як силсила асарҳо («Духтари шуғнонӣ», «Посбони сарҳад», «Ғаллакори помирӣ», ва ғайра) офарид, ки дар онҳо мақсаду маром ва зиндагии мардуми кӯҳистон хеле табиӣ ва боварибахш ифода ёфтааст. Мусаввараҳои «Деҳачаи роҳсозон» (1960), «Бошгоҳи қутосҳо» (1964) ва «Қутоспарвари Аличур» (1968) гувоҳи камолоти эҷодии Владимир Боборикин ва падидаи ҷиҳатҳои фардии рассомии ӯ мебошанд. Владимир Боборикин дар мусаввараи «Дар хирмани дур» (1961) меҳнати сарбаландонаро тасвир намуда, ба воқеияти зиндагӣ оҳанги фалсафӣ бахшидааст. Яке аз асарҳои беҳтарини Владимир Боборикин «Қутосдӯш» (1972) мебошад, ки дар он унсурҳои манзара ҷанбаи портретиро тақвият додааст. Портретҳои гурӯҳии Владимир Боборикин низ бо обуранги хос ва фардияти симоҳо хеле ҷолибанд («Духтари кӯҳсор», «Чӯпонҳо» ва ғайра).
Ба эҷодиёти солҳои 70 садаи XX-и Владимир Боборикин образҳои монументалӣ ва эпикӣ низ хоссанд (мусаввараҳои «Раҷабгул», «Озода ва бригадаи ӯ», «Ҷангалбонон», силсилаи «Балҷувон» ва ғайра).
Намоиши осор
вироишАсарҳои Владимир Боборикин дар Намоиши асарҳои рассомони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дар Афғонистон ва Бирма (1960), Намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистон дар «ЭКСПО-67» (Монреал), Намоиши асарҳои рассомони шӯравӣ бо номи «СССР — Ватани мо» дар София (1973) баҳои баланд гирифтаанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Наджафов А. Р. Владимир Бобрыкин. М., 1977.
Сарчашма
вироиш- Боборикин Владимир Михайлович // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.