Помир
Помир (форсӣ: پامیر) — кӯҳистонест дар ҷануби Осиёи Миёна ва дар сарзамини Тоҷикистон (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон), Қирғизистон, Хитой ва Афғонистон ҷой дорад.
Кӯҳистони Помир пайвандгоҳи баландтарин кӯҳсори Осиёи Марказӣ ба монанди Ҳиндукуш, Қароқурум, Кунлун ва Тиён-Шон аст. Баландтарин нуқтаи Помир қуллаи Исмоили Сомонӣ бо баландии 7495 м мебошад. Ин қулларо аз соли 1932 то соли 1962 қуллаи Сталин ва аз соли 1962 то соли 1998 қуллаи Коммунизм меномиданд. Аз дигар қуллаҳои баланди Помир қуллаи Истиқлол (7165 м то июли 2006 — қуллаи Ленин), қуллаи Корженевский (7105 м), қуллаи Абуалӣ ибни Сино (6940 м, то июли соли 2006 — қуллаи Революция) ном доранд. Дар Помир калонтарин пиряхи қадимаи қитъаи Осиё Пиряхи Федченко (масоҳат 651,7 км², дарозӣ 77 км.) воқеъ аст, ки аз он дарёҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сарчашма мегиранд.
Баъзе татқиқотчиён (Поло Марко, Д. Л. Иванов, Д. В. Наливкин, К. В. Станюкович, Э. М. Мурзаев) дар бораи Кӯҳистони Помир маълумот ҷамъ оварда дар асрҳояшон иншо намудаанд.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.