Самиев Бобо Ҷӯраевич - олим, номзади илмҳои фалсафа (1999), доктори илмҳои фалсафа (2009), профессор (2011), узви вобастаи Академияи илмҳои табиатшиносии Руссия (2015), академики Академияи илмҳои табиатшиносии Руссия (2019), мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (2008-2010), муовини ректор оид ба корҳои илмии донишгоҳи мазкур (2011-2014), сардори раёсати таълими донишгоҳ (2015-2018), мушовири ректор (2019-2022), профессори кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносии донишгоҳи мазкур (2023 то айни замон).

Ҷӯраевич Бобо Самиев
Самиев Бобо Ҷӯраевич
Таърихи таваллуд 1 январ 1970(1970-01-01) (54 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ:
Унвонҳои илмӣ

Дотсент (2006),

Профессор (2011)
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев, имрӯза Садриддин Айнӣ (1988-1993)
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон (2012)

Шарҳи ҳол

вироиш

Самиев Бобо Ҷӯраевич - 01.01.1970 дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ, вилояти собиқ Ленинобод (имрӯза Суғд), дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1993 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев, имрӯза Садриддин Айниро бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик ва матни классикӣ хатм намудааст.

Аз соли 1993 то соли 2008 дар вазифаҳои гуногуни кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, аз ҷумла: аз 01.09.1993 то 01.09.1994 дар вазифаи мудири кабинет; аз 22.12.1995 то 22.01.1999 - дар вазифаи ассистент; аз 01.04.2000 то 14.01.2003 дар вазифаи муаллими калон ва аз 14.01.2003 то 16.11.2005 дар вазифаи дотсенти кафедра фаъолият кардааст.

Аз сентябри соли 2009 то моҳи июни соли 2011 дар кафедраи фалсафа ва фарҳанги ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар вазифаи мудири кафедра фаъолият намуда, солҳои 2011 - 2014 вазифаи муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳро ба дӯш дошт.

Аз соли 2015 то соли 2018 дар вазифаи сардори Раёсати таълими Донишгоҳ давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият карда, солҳои 2019-2022 вазифаи мушовири ректори донишгоҳро ба уҳда дошт. Аз моҳи январи соли 2023 то айни замон ба сифати профессори кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносӣ фаъолият дорад.

Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ

вироиш

Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Самиев Бобо Ҷураевич аз соли 1993 оғоз шудааст. Аз он сол то ин ҷониб атрофи масоили марбут ба фалсафаи маорифпарварӣ, таълимоти ислоҳгароёнаи мутафаккирони асри ХIХ – и тоҷик тадқиқот мебарад.

Соли 1999 дар мавзуи «Ақидаҳои иҷтимоӣ-сиёсии Аҳмади Дониш» рисолаи номзадии худро ба анҷом расонида, онро дар Шӯрои дифои Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намуд. Моҳи марти соли 2006 аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия бо унвони дотсентӣ сарфароз гардид.

Таърихи 23.06.2009 - рисолаи докториро дар мавзуи «Таҳлили ақидаҳои фалсафӣ ва иҷтимоии маорифпарварони тоҷик оид ба сохтор ва муносибатҳои иҷтимоии охири асри XIX ва ибтидои асри XX» дар Шӯрои ҳимояи Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя кард. Соли 2012 бошад аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба унвони профессорӣ сарфароз шуд.

Аз сентябри соли 2011 то 20.09.2014 ба сифати ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ” фаъолият намуда, солҳои 2011 - 2014 вазифаи муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳро ба уҳда дошт. Соли 2015 бошад, ба унвони илмии узви вобастаи Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Руссия ва соли 2019 академики ин муассисаи илмӣ мушарраф гардонида шуд.

Соли 2022 бо кӯшиш ва талошҳои бевоситаи ӯ дар назди қисми илми донишгоҳ маҷаллаи илмӣ бо номи “Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ: бахши илмҳои фалсафӣ, сиёсӣ” ташкил карда, инчунин вазифаи сармуҳаррири онро ба уҳда дорад.

Дар баробари иҷрои вазифаҳои пурмасъулият, ҳамзамон мавсуф дар конференсияҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ, ки дар хориҷ (аз ҷумла, Федератсия Руссия, Қазоқистон, Хитой, Эрон, Афғонистон) ва дохили кишвар оид ба масоили рӯзмарраи ҷомеа баргузор мегарданд, иштирок ва маъруза менамояд. Дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва дохилидонишгоҳӣ, ки доир ба масоили мубрами илмҳои фалсафӣ баргузор карда мешаванд, низ иштироки фаъол дорад.

Зери роҳбарии бевоситаи ӯ 12 нафар аспирантон, докторантон ва унвонҷӯёни кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ рисолаҳои номзадии худро ба анҷом расонида, дар Шӯрои дифои Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бомуваффақона ҳимоя намуда, сазовор ба дипломи номзади илмҳои фалсафа гардиданд.

Аъзои Шурои дифои Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов (солҳои 2016-2019), аъзои Шурои дифои назди факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (аз соли 2020 то айни ҳол) буда, ба сифати муқарризи расмӣ, ғайрирасмӣ дар ҷаласаҳои Шӯро фаъолона баромад мекунад. Ба фишурдаи рисолаҳои номзадӣ ва доктории унвонҷӯёну аспирантон ва докторантоне, ки аз дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар муроҷиат менамоянд, саривақтӣ тақриз манзур медорад.

Ҳамзамон, дар тӯли фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии худ мавсуф дар маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Руссия ва Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 90 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ба нашр расонид. Номгӯи китобҳои дарсӣ, дастурҳои илмӣ-методӣ, монографияҳо ва намунаи мақолаҳои илмии нашршудаи муаллиф дар зер нишон дода мешаванд:

Китобҳои дарсӣ

вироиш
  1. Самиев Б.Ҷ. Сотсиология (бо ҳаммуаллифии Идиев Х.У., Гиёев К.Х.). - Душанбе: Деваштич, 2006. - 210с.
  2. Самиев Б.Ҷ.  Сотсиологияи амалӣ (бо ҳаммуаллифии Идиев Х.У., Гиёев К.Х.). - Душанбе: Санадвора, 2006. - 167с.
  3. Самиев Б.Ҷ. Фалсафаи илм (бо ҳаммуаллифии Назариев Р.). - Душанбе: Матбааи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, 2011. – 210с.
  4. Самиев Б.Ҷ. Фалсафаи илм (бо ҳаммуаллифии Назариев Р.). - Душанбе: Матбааи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, 2015. – 230с.
  5. Самиев Б.Ҷ. Методологияи тадқиқоти илмӣ. - Душанбе: Матбаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, 2018. - 174с.

Монография ва асарҳои илмӣ

вироиш
  1. Самиев Б.Ҷ. Афкори ислоҳоти иҷтимоии Аҳмади Дониш. - Душанбе: Санадвора, 2006. - 167с.
  2. Самиев Б.Ҷ. Ақидаҳои Аҳмади Дониш ва хотираҳои сайёҳони хориҷӣ оид ба сохтори иҷтимоии аморати Бухоро. - Душанбе: Деваштич, 2008. – 118с.
  3. Самиев Б.Ҷ. Таҳлили фалсафии ақидаҳои маорифпарварони тоҷик оид ба сохтори муносибатҳои иҷтимоӣ дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ. - Душанбе: Ирфон, 2008. – 267с.
  4. Самиев Б.Ҷ. Чӣ гуна китоб бихонем? - Душанбе, ДДОТ С.Айнӣ, 2019. – 478с. (тарҷума аз форсӣ).
  5. Самиев Б.Ҷ. Таърихи тамаддун ва фарҳанги ҷаҳонӣ /Ҷилди 2. Матбааи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, 2017. - 310 с. (тарҷума аз форсӣ).
  6. Самиев Б.Ҷ. Абӯнасри Форобӣ. «Иҳсо-ул-улум». Пажӯҳиш, таҳияи матн, таълиқот ва тавзеҳот. Матбааи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ. - Душанбе, 2020. - 64с. (тарҷума аз форсӣ).
  7. Самиев Б.Ҷ. Вуруде ба шинохти Мавлоно Ҷалолиддини Рўмӣ ва Шамси Табрезӣ. - Душанбе, 2020. – 299с. (мақолаҳои дастаҷамъӣ).
  8. Самиев Б.Ҷ. Ифротгароии динӣ: мониторинги афкори омма (монография). Матбаи ДДОТ. - Душанбе, 2023. – 142с. (бо ҳаммуаллифии Ш.П.Бердиев).

Дастурҳои илмӣ-методӣ

вироиш
  1. Самиев Б.Ҷ. Баъзе масъалаҳои «Рисолаи сиёсӣ» - и Аҳмади Дониш дар бораи давлат. - Душанбе: ДАТ, 1997. – 40с.
  2. Самиев Б.Ҷ. Дастури таълимӣ-методӣ оид ба баргузории корҳои тарбиявӣ (бо ҳаммуаллифии С.Бозорова). - Душанбе: ДАТ, 2002. – 87с.
  3. Самиев Б.Ҷ. Матни мухтасари лексияҳо аз демография (бо ҳаммуаллифии М.Маҳимов). - Душанбе: ДАТ, 2004. – 26с.
  4. Самиев Б.Ҷ.  Матни мухтасари лексияҳо аз фалсафа (бо ҳаммуаллифии Р. Давлатов). - Душанбе: Деваштич, 2011. – 148с.
  5. Самиев Б.Ҷ. Раҳнамо барои волидайн ҷиҳати таълиму тарбияи фарзанд (бо ҳаммуаллифии З.Шарифов, Р.Қосимова). - Матбааи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, 2011. - 28с.
  6. Самиев Б.Ҷ. Кафедраи фалсафа: таърих ва дурнамои рушди он (бо ҳаммуаллифии Р.Назариев).  - Душанбе: Санадвора, 2013. - 112с.
  7. Самиев Б.Ҷ. Тавсияҳои методӣ оид ба таҳия ва омода кардани рисолаи хатм (рисолаи магистрӣ, рисолаи дипломӣ) барои зинаҳои бакалавриат, магистратура ва мутахассис (бо ҳаммуаллифии А.Раҳмонов, И.Сулаймонов). - Душанбе: Матбааи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, 2013 - 48с.
  8. Самиев Б.Ҷ. Тавсияҳои методӣ оид ба тарзи таҳияи реферат (бо ҳаммуаллифии А.Раҳмонов, И.Сулаймонов). - Душанбе: Матбааи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, 2013 - 12с.
  9. Самиев Б.Ҷ. Тавсияҳои методӣ оид ба тарзи таҳияи кори курсӣ (бо ҳаммуаллифии А.Раҳмонов, И Сулаймонов). - Душанбе:  Матбааи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, 2013 - 18с.
  10. Самиев Б.Ҷ. Вожаномаи фалсафа ва методологияи илм (бо ҳаммуаллифии Р.Назариев, Ш.Бердиев). - Душанбе: Матбааи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, 2016 - 156с.
  11. Самиев Б.Ҷ. Донишномаи таҳсилот дар фазои низоми кредитӣ. - Душанбе, ДДОТ ба номи С.Айнӣ, 2019. – 304с.

Мақолаҳои илмӣ

вироиш
  1. Самиев Б.Ҷ. Фаҳмиши мафҳуми низоми иҷтимоии ҷомеа дар таълимоти мутафаккирони тоҷик//Маҷаллаи илмии «Тоҷикистон». - №12. - Душанбе, 2004. - 5 с.
  2. Самиев Б.Ҷ. Таҳлили сохтори иҷтимоии аморати Бухоро ва мартабаи қишрҳои аҳолӣ дар таълимоти Аҳмади Дониш//Паёми АИҶТ. Силсилаи: фалсафа ва ҳуқуқшиносӣ. - № 1–4. - Душанбе, 2005. -10 с.
  3. Самиев Б.Ҷ. Армениус Вомбери ва маълумоти ӯ дар бораи ҳайати аҳолӣ ва сохтори идораи аморати Бухоро// Маҷаллаи илмии «Кишоварз». - 2006. - №1 . - С. 51 - 55.
  4. Самиев Б.Ҷ.  Аҳмади Дониш ва ҳамасрони ӯ дар бораи низоми иқтисодии аморати Бухоро// Маҷаллаи илмии “Иқтисоди Тоҷикистон: стратегия ва рушд”. - Душанбе, 2008. - №3. – 7 с.
  5. Самиев Б.Ҷ. Аҳмади Дониш дар бораи принсипҳои иҷтимоӣ-иқтисодии сиёсати давлатдорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ дар амаорати Бухоро//”Гузориши Академияи кишоварзии Тоҷикистон”. - Душанбе, 2008. - № 1 (15). - 5 стр.
  6. Самиев Б.Ҷ. Н.Ханыков ва Армениус Вомбери дар бораи ҳайат ва шуғли аҳолии аморати Бухоро дар асри Х1Х ва ибтидои қарни ХХ. //Паёми ДМТ. Силсилаи илмҳои гумманитарӣ. - Д., 2008. - №2. - 8 с.
  7. Самиев Б.Ҷ. Саҳми таърихии Садриддин Айнӣ дар рушди демократикунонии ҳаёти маънавии мардуми тоҷик// Паёми АИҶТ. Силсилаи: фалсафа ва ҳуқуқшиносӣ. - 2008. - №2. - 5 с.
  8. Самиев Б.Ҷ. Фаҳмиши мафҳуми ваҳдат ва худшиносии миллӣ аз назари Аҳмади Дониш ва ҳамасрони ӯ//Паёми АИҶТ Силсилаи: фалсафа ва ҳуқуқшиносӣ.- 2008. - №2. - 7 с.
  9. Самиев Б.Ҷ. Ҳалли баъзе ҷанбаҳои соҳаи иқтисодии аморати Бухоро аз ҷониби Аҳмади Дониш ва ҳамасрони ӯ//Паёми ДМТ. -Д., 2009.- №1.- 6 с.
  10. Самиев Б.Ҷ. Нақши илм дар таълимоти Абӯҳанифа/Маҷаллаи илмии «Масъалаҳои таҳсилот». - Д. - №4, 2009. -  4 с.
  11. Самиев Б.Ҷ. Таҳсилот ва фарҳанги техникӣ самтҳои афзалиятноки рушди ҷомеа//Маҷаллаи илмии «Масъалаҳои таҳсилот». - Д.-№2, 2010.- 4 с.
  12. Самиев Б.Ҷ. Таҳсилот ва фарҳанги техникӣ/Дар китоби «Ваҳдат, давлат ва Президент» - Т.10. - Д., 2010. - 9 с.
  13. Самиев Б.Ҷ. Масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд/Дар китоби «Ваҳдат, давлат ва Президент»».- Т.11. - Д., 2011.- 10с.
  14. Самиев Б.Ҷ. Тамоилгирии ҳаракатҳои демократии халқӣ ва кишвари араб// Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. - №1(44). – Д., 2012.- 4 с.
  15. Самиев Б.Дж.  Актуальность перехода на кредитную систему обучения, повышающая уровень самообразования и творческого освоения знаний на основе индивидуализации и выборности// Вестник педагогического университета. №4(53). Душанбе, 2013. – 6 стр.
  16. Самиев Б.Ҷ. Таҳлили фалсафии масъалаи низоми таҳсилот ва худшиносии миллӣ дар таълимоти Садриддин Айнӣ/Дар китоби «Ваҳдат, давлат ва Президент». - Д., 2013. -С. 129-136.
  17. Самиев Б.Дж. Социальные и культурные последствия расширения сферы информационных технологий в современном таджикистанском обществе//Вестник педагогического университета. №1(50). Д., 2013. – С.37-42.
  18. Самиев Б.Дж. Философские аспект оборонительного боя и области проявления оборонного сознания //Вестник педагогического университета. №4(53), 2013. – 8 стр.
  19. Самиев Б.Дж. Технология профессиональной подготовки студентов в развитии потенциала будущего учителя //Вестник педагогического университета. №6(61), 2014. – С. 232-238.
  20. Самиев Б.Ҷ. Ташкилот ва ҳаракатҳои тундгаро маншаи осебпазирӣ ҷомеа/ Дар китоби «Ваҳдат, давлат ва Президент». – Душанбе, 2016. – С.82-89.
  21. Самиев Б.Дж. Просветительство и реформация – социально-культурные направления и как нового мировоззрения // Известия ТОМАНВШ. - №2, 2016. – С.51-56.
  22. Самиев Б.Дж. Вклад согдийцев в развитие шёлкового пути/Сб. статей международного форума «Образование и гуманитарный обмен в рамках инициативы «Один пояс, один путь». - Китая, 2017.
  23. Самиев Б.Ҷ. Мушкилоти низоми маориф ва ташаккули ҳувияти миллӣ аз дидгоҳи Садриддин Айнӣ/ Маҷмуаи мақолаҳои конференсияи ҷумҳуриявии “Проблемаҳои татбиқи муносибатҳои босалоҳият дар раванди таълим” Душанбе, ТГПУ им. Садриддина Айнӣ, 2018. – 8с.
  24. Самиев Б.Ҷ. Шарҳ ва тавсифи мафҳуми нафс дар таълимоти Ибни Боҷа ва намояндагони мактаби машшоия //Паёми ДМТ, 2019, №4. – 112-118.
  25. Самиев Б.Ҷ. Навъбандии зуҳуроти экстремизм дар шароити инкишофи ҷомеаи тоҷикистонӣ // Паёми ДМТ. - Душанбе, 2020, №1. – С.139-143.
  26. Самиев Б.Ҷ. Шамсиддини Табрезӣ – инсони комил ва орифи некӯсиришт/ Дар китоби «Вуруде ба шинохти Шамси Табрезӣ ва иртиботи ӯ бо Ҷалолиддини Рӯмӣ”. – Душанбе, 2020. - С.57 – 79.
  27. Самиев Б.Ҷ. Баъзе аз талаботи методологии оид ба сатҳи хондани китоб / Дар китоби “Фарҳанги китобхонӣ”. – Хуҷанд, 2020. – С. 78-82.
  28. Самиев Б.Ҷ. Консепсияи тарбияи табии Жан Жак Руссо ва моҳияти фалсафии он/Гузориши Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи  АМИТ, 2020, №4. – С.18-26.
  29. Самиев Б.Ҷ. Таҳлили ҷанбаҳои иҷтимоӣ-фалсафии таълифоти Иброн Шарипов дар ташаккули худшиносии миллӣ // Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. – Душанбе, 2021. - №3-4 (3-4) – 8с.
  30. Самиев Б.Ҷ. Фалсафаи тарбияи табии Жан Жак Руссо ва нақши он дар ташаккули шахсият// Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. - Душанбе, №1 (1),  2021. – С.81-90.
  31. Самиев Б.Ҷ. Фазилатҳои касбии омӯзгор ва нақши ӯ дар ташаккули раванди таълиму тарбия // Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. - Душанбе, №1 (1),  2021. – С.128-133.
  32. Самиев Б.Ҷ. Ҳолат ва сатҳи ифротгароии динӣ дар байни ҷавонони Ҷумҳурии  Тоҷикистон //Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. Душанбе, 2021. - №3-4 (3-4). – С. 128-133.
  33. Самиев Б.Ҷ. Нақши ваҳдати миллӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ/ Дар китоби “Ваҳдати миллӣ: кафили субот ва рушди ҷомеаи Тоҷикистон”. – Душанбе, 2022. – С. 74-79.
  34. Самиев Б.Ҷ. Ақидаҳои астрономии Ибни Сино ва таъсири онҳо дар ташаккули андешаҳои кайҳоншиносии мутафаккирони минбаъдаи тоҷик // Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. – Душанбе, 2022. - №1. – С. 54-62.
  35. Самиев Б.Ҷ. Нақши тоҷикон тар ташаккул ва тарғиби фарҳанги исломӣ // Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. – Душанбе, 2022. - №2. - С.66-72.
  36. Самиев Б.Ҷ. Нақши муколамаи фарҳангҳо дар эҷод ва ҳифзи сулҳ дар Тоҷикистон //Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.– Душанбе, 2022. - №3. – С.83-90.
  37. Самиев Б.Ҷ. Масъалаи инсон дар таълимоти Аҳмади Дониш/ Маҷмуаи мақолаҳои “Худшиносии миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ”. Маводи конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ. – Д.2023.-С.87-93.
  38. Самиев Б.Ҷ. Вусъатёбии ифротгароии динӣ дар байни ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои асосии пешгирӣ аз он // Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. Силсилаи илмҳои фалсафӣ. 2023. № 1-2 (9-10). -С. 6-16.
  39. Самиев Б.Ҷ. Вусъатёбии идеологияи ифротгароӣ монеаи асосии тавсеаи муколамаи фарҳангҳо дар низоми давлатдории миллӣ //Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз. 2023. - № 1 (81). - С. 123-136.
  40. Самиев Б.Ҷ. Рисолати фарҳангофарӣ ва андешаи таҳаммулгароии тоҷикон дар ташаккул ва тавсеаи муколамаи фарҳангҳо // ISSN 2074-1847. Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. - 2023. - №3. – С.136-145.