Боботоҳири Урён

(Тағйири масир аз Бобо Тоҳир)

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ (форсӣ: باباطاهر عریان‎; ? – тақр. 1055, Ҳамадон) — ориф, шоири форс-тоҷик ва дубайтисарои охирҳои садаи X ва миёнаи садаи XI.

Боботоҳири Урён
форсӣ: باباطاهر عریان
Таърихи таваллуд: 947
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1032
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Номаш дар аксари маъхазҳо Тоҳир зикр шудааст. Калимаи «Бобо» дар аввали исми шоир унвони тариқатии ӯст. Калимаи «Урён» ба сабаби орӣ буданаш аз корҳои дунявӣ ба исми ӯ изофа шудааст.

Зиндагинома

вироиш

Аз ҷараёни зиндагиаш иттилои кофӣ дар даст нест. Зиндагониаш асосан дар Ҳамадон ва Луристон сипарӣ шудааст. Аз фаъолияти Боботоҳири Урён бештар дар кӯҳи Алванди Ҳамадон узлатнишинӣ ва ба зикру сулук машғул гаштани ӯ маълум аст. Бо ҳама мақомоту камолоти исонӣ тамоми умр гумному узлатнишин зистааст ва ҳамин гӯшагирии ӯ боис шудааст, то иттилои комиле аз ҳаёташ боқӣ намонад. Дар боби баъзе лаҳзаҳои зиндагии Боботоҳири Урён куҳантарин ахбор дар «Роҳату-с-судур ва ояту-с-сурур дар таърихи оли Салҷуқ»-и Муҳаммад ибни Алӣ ибни Сулаймони Ровандӣ (таълиф охири қарни 12 – ибтидои қрни 13) омадааст, ки дар он аз вохӯрии ин шоир бо Султон Туғрилбеки Салҷуқӣ сухан меравад:

«Шунидам, ки чун Султон Туғрилбек ба Ҳамадон омад, аз авлиё се пир буданд: Боботоҳиру Бобоҷаъфар ва Шайх Ҳамшо. Кӯҳест дар Ҳамадон, онро Хазар хонанд, бар он ҷо истода буданд. Назари Султон бар эшон омад, кавкабаи лашкар бидошту пиёда шуд ва бо вазир Абунасри Алкиндарӣ пеши эшон омад ва дастҳошон бибӯсид. Боботоҳир порае шефтагуна будӣ, ӯро гуфт: «Эй турк, бо халқи Худо чӣ хоҳӣ кард?» Султон гуфт: «Он чи ту фармоӣ». Бобо гуфт: «Он кун, ки Худо мефармояд: Инна-л-Лоҳа яъмуру би-л-адли ва-л-эҳсон (Худованд амр мекунад ба доду некӣ» (Қуръон, сураи Наҳл, ояти 90). Султон бигиристу гуфт: «Чунин кунам». Бобо дасташ бистаду гуфт: «Аз ман пазируфтӣ?» Гуфт: «Оре». Бобо сари ибриқеро шикаста, ки солҳо аз он вузӯ карда буд, дар ангушт дошт, берун кард ва дар ангушти Султон кард ва гуфт: «Мамлакати олам чунин дар дасти ту кардам, бар адл бош».

Ин ҳикоят далели мақому мартабаи хосси Боботоҳири Урён дар миёни орифон ва салотини замони худ мебошад. Аксар муҳаққиқони таърихи адабиёти форс-тоҷик ва тасаввуф, аз ҷумла Минорский, Эдвард Браун, Муҳаммаддабири Сиёқӣ, Муҷтабо Минавӣ, Саид Нафисӣ, Забеуллоҳи Сафо, Ризозода Шафақ, Ҷаводи Мақсуд ва дигарон ба ин ахбори Ровандӣ эътибори махсус додаанд.

Аз Боботоҳири Урён то имрӯз 365 дубайтӣ, 4 ғазал ва як асари мансур бо унвони «Калимоти қисор» (ба забони арабӣ) боқӣ мондааст.

«Калимоти қисор»

вироиш

«Калимоти қисор»-и вай шомили ақидаҳои суфия дар илму маърифат, зикру ибодат, ваҷду муҳаббат, ақлу ғафлат, ҳифзу ривоят, талабу мухолифати нафс, ибтило, аҳволу мақомот, тоат ва тақриб, фақру зӯҳд, сабру ризо, убудият ва ихлос, сукр, ғайрат, вақт, ҷамъу тафрика, мавту ҳаёт, фано ва бақо, васлу фасл, тавҳид, тасаввуф ва тариқат, макру истидроҷ, табақоти аҳли тариқат, ғурбат, ашёи мутафарриқа аст, ки ҳар яке бо ҷумлаҳои кӯтоҳ шарҳ ёфтаанд. Ба ин асари Боботоҳири Урён панҷ шарҳ навишта шудааст ва тавассути ин шарҳҳо гуфтори ин ориф дар боби мабонии суфия тарҷума ва баррасӣ шудаанд. Аз миёни ин шарҳҳо шарҳе мансуб ба Айнулқузоти Ҳамадонӣ ва шарҳи Хатиби Вазирӣ машҳуртаранд. Аз мутолиаи ин асари Боботоҳири Урён маълум мешавад, ки вай на марде уммӣ, балки донишманд буда, дар бораи муҳимтарин масоили шариат, печидатарин масоили тасаввуф ва ирфон иҳотаи комил доштаву дар асари худ ба шарҳи онҳо пардохтааст. Чунончи, дар шарҳи тавҳид мефармояд: «Маънии тавҳид собит намудани сифати ваҳдат барои парвардгор аст ва ин тавҳид ё зоҳирист, яъне бо гуфтани калимаи «Ло илоҳа иллаллоҳ», ҳосил мешавад, ки номаш маърифат аст; вале маърифати ҳақиқӣ нест ва ё ботинист, ки бо ақида ва изъон бар ин, ки худое нест, ҷуз Худои ягона, муҳаққақ мешавад. Ва итлоқи ҳақиқати маърифат дар ин сурат саҳеҳ буда, зоҳирӣ нест... Тавҳиди қавлӣ ва лисонӣ сабаби исботи исми ориф аст бар он касе, ки ба калимаи тавҳид такаллум мекунад. Вале маърифати ҳақиқӣ он аст, ки шахси ориф ҳақиқат ва ҳувийяти худро дар шуҳуди Ҳақ фонӣ ва фаромӯш намояд ва ин маънӣ баъд аз шиносоии комил муҳаққақ мешавад». Тавре ки мебинем, дар шарҳи масоили шаръӣ муаллиф бештар такя ба маърифати ботинӣ, яъне ирфонӣ мекунад ва баъд аз баёни зоҳири масъала, ки ба шариат дахл дорад, ботини онро мекушояд ва аз ин роҳ шариатро аз мавқеи ирфон ва тасаввуф шарҳ медиҳад. Дар тавзеҳи масоили ирфон низ муаллиф ҳамин усулро интихоб намудааст.

Дубайтиҳо

вироиш

Аммо шуҳрати Боботоҳир дар миёни форсизабонон ба воситаи дубайтиҳои ӯст, ки фаҳлавиёт ҳам номида шуда, ба лаҳҷаи мардуми Ҳамадон ё Лур суруда шудаанд. Ин дубайтиҳо дар ниҳояти содагӣ суруда шуда, лутфи табъу тозагии эҳсосоти шоир қобили таваҷҷуҳ аст. Аз содагии забони Боботоҳир метавон ба содагии ахлоқ ва зиндагии поку беолоиши қаландаронааш пай бурд. Боботоҳири Урён дар дубайтиҳояш санъатҳо ва орояҳои бадеиро ба кор набурдааст; дубайтиҳояш дар айни ин бепироягӣ аз зебоии хосси калом бархурдоранд. Азбаски дубайтиҳои мазкур ба таври мухтасар ва мӯҷаз, бо лаҳҷаи маҳаллӣ суруда шудаанд, зарфияти дарбаргирии санъатҳои бадеӣ ва рамзу таъбироти ирфониро надоранд. Аз ин ҷост, ки Боботоҳири Урёнро орифе дардманду дилдодаи бетобе донистаанд, ки барои расидан ба мақсудаш шабу рӯз меноладу орзуи дидори маъшуқро дорад ва барои худ ин дунёи бузургро хурд мепиндорад. Дар ин дубайтиҳо бештар шарҳи сӯзу дард ва эҳсосоти дили шоири ошиқ баён шудааст, ки бо вуҷуди содагию бепироягӣ бисёр муассиру сеҳрангез мебошанд. Азбаски ин дубайтиҳо ба лаҳҷаи маҳаллию рустоӣ суруда шудаанд, ба эҷодиёти шифоҳии халқ наздик буда, дар миёни мардум шуҳрати зиёд пайдо кардаанд. Мавзуъҳои рози ҳастӣ, беқиматию бевафоӣ ва нопойдории дунё, шиква аз рӯзгори нобасомон, эътироф ба гуноҳ ва пӯзиш аз Ҳақ, дарвешию қаландарӣ ва маломатигарӣ, ишқ ва мушкилоти он, дӯстӣ, мазоҳири зебоиҳои олами улвӣ ва таҷаллии онҳо дар олами сифлӣ ва ғ. мебошанд. Масалан, дар мавзӯъи муҳаббат гуфтааст:

Диле дирам, харидори муҳаббат,
К-аз ӯ гарм аст бозори муҳаббат.
Либосе бофтам бар қомати дил,
Зи пуди меҳнату тори муҳаббат.

Шоир ҳатто ба мавзӯъҳои маъмулии зиндагии воқеӣ даст зада, бо ишора ба воқеияти зиндагии мардум онро бисёр хубу равшан баён мекунад:

Дидам ололае дар домани хор,
Ватам ололиё, кай чинамат бор?
Бигуфто боғбон: «Маъзур медор,
Дарахти дӯстӣ дер овара бор».

Шоир сареҳан худро пайрави ойини риндону қаландарон медонад ва ин тарзи ҳаётро хуш қабул дорад:

Му он риндам, ки номам бӣ қаландар,
На хун дирам, на мун дирам, на лангар,
Чу рӯз оя, бигардам гирди кӯят,
Чу шав оя, ба хиштон вониҳам сар.

Мавзӯъҳои марбут ба ирфонро низ хеле муҷаз ва равшан баён мекунад. Аз ҷумла дар мавзӯъи ваҳдат ва пайвастагӣ бо Худо:

Агар дил дилбара дилбар кадума?
В-агар дилбар дила, дилро чӣ нума?
Дилу дилбар ба ҳам омехта винам,
Надунам, дил киву дилбар кадума.

Дар мавзӯъи таҷаллии Худо:

Хушо онун, ки по аз сар надунанд,
Миёни шуъла хушку тар надунанд.
Куништу каъбаву бутхонаву дайр
Сарое холӣ аз дилбар надунанд.

Дар силсилаи сувароти дубайтиҳои шоир муҳимтарин яке дил ва дигаре дида мебошанд, ки мавриди корбасти бештар қарор гирифтаанд:

Ба дарёи ғамат дил ғӯтавар бӣ,
Маро доғи фироқат бар ҷигар бӣ.
Ба чашмам қатраҳои ашки хунин
Ту гӯӣ лолаи боғи назар бӣ.

Ба ғайр аз дубайтиҳо аз шоир чор ғазал ҳам боқӣ мондааст, ки онҳо низ ба лаҳҷаи маҳаллӣ суруда шудаанд.

Ҷудо намудани ишқи ҳақиқӣ аз ишқи маҷозӣ дар ашъори Боботоҳири Урён бисёр душвор аст. Ӯ шоирест тараннумгари фақру қаноат ва ҳамин ҷиҳати эҷод аз шоирони дигар фарқ мекунад.

Оромгоҳ

вироиш
 
Оромгоҳи Боботоҳир дар Ҳамадон

Оромгоҳи Боботоҳири Урён дар шимоли шаҳри Ҳамадон ва дар майдони ба номи ӯ қарор дорад ва аз қадимтарин маъхазҳое, ки дар бораи мазори Боботоҳир маълумот додааст, «Нузҳату-л-қулуб»-и Ҳамдуллоҳи Муставфӣ (асри 13) мебошад.

Нигористони дубайтиҳо

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Ашъори ҳакимон ва орифон. Д., 2010;
  • شرح احوال و آثار دوبیتیهای باباطاهر عریان. تهران، ۱۳۵۴ هـ. ش؛
  • رضازاده شفق. تاریخ ادبیات ایران. تهران، ۱۳۶۹ هـ. ش؛
  • دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. ج ۱۰. تهران، ۱۳۸۰ هـ. ش؛
  • صفا ذبیح الله. تاریخ ادبیات در ایران. ج ۲. تهران، ۱۳۸۱ هـ. ش

Сарчашма

вироиш