Бобо Фиғонӣ
Бобо Фиғонӣ (форсӣ: بابا فغانی, ? — вафот 1519, маҳаллаи Қадамгоҳ, Машҳад) — шоири форс-тоҷик ва яке аз пешгомони сабки ҳиндӣ.
форсӣ: بابا فغانی | |
Таърихи таваллуд: | асри XV |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1516 ё 1519 |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишДар зодгоҳаш — Шероз илмҳои мутадовиларо омӯхта, ба камол расид. Ба шеъру шоирӣ дар айёми ҷавонӣ рӯй оварда, бо тахаллуси «Саккокӣ» эҷод мекард. Дар 30-солагӣ бо азми дарёфти мамдуҳ ва шуҳрати шоирӣ ба Хуросон сафар кард. Дар Ҳирот бо Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳамсуҳбат гардид. Дар доираи адабии Ҳирот сабки шеъргӯии Бобо Фиғонӣ пазируфта нашуд. Дар ҷустуҷӯи харидори ашъораш роҳи Озарбойҷонро пеш гирифт. Дар ш. Табрез ба дарбори Султон Яъқуби Оққуюнлу (ҳукмр. 1478—1491) пайваст ва мавриди эҳтиром қарор гирифт. Ба сабаби рӯй додани нобасомониҳо дар ин минтақа Бобо Фиғонӣ ба Шероз баргашт. Пас аз муддате боз роҳи Хуросонро пеш гирифт. Чанде дар Абевард зиндагӣ карда, аз он ҷо ба Машҳад омад ва дар ҳамин ҷо умр ба сар бурд.
Эҷодиёт
вироишБобо Фиғонӣ девоне мураттаб намуда буд, вале онро гум кард. Бародараш аз баёзҳо ашъори ӯро ҷамъ оварда, девонашро барқарор намуд. Шоири асри 17 Шопури Теҳронӣ низ дар Ҳиндустон девони Бобо Фиғонӣро тадвин кард. Девони Бобо Фиғонӣро соли 1934 дар Теҳрон муҳаққиқ Суҳайлии Хонсорӣ ба табъ расонд. Дар девони Бобо Фиғонӣ қасоид, ғазалиёт, рубоиҳо, тарҷеъбандҳо ва таркиббандҳо фароҳам омадаанд. Бобо Фиғонӣ дар мадҳи аиммаи абҳар, бавижа Алӣ ибни Абитолиб, Алӣ ибни Мусо Ризо, Султон Яъқуби Оққуюнлу ва дигар қасидаҳо дорад. Забони ашъор, тарзи баёни Бобо Фиғонӣ, махсусан дар қасоидаш, содаву равон, мавзӯъ ва мазмуни онҳо бикр аст. Дар маҳфилҳову маҷлисҳои адабӣ ашъораш мавриди татаббуъ қарор доштанд. Аз он ки дар каломаш воқеанигорӣ ва борикандешиҳо дошт ва аз ҳамқаламонони муосираш бо ин ҷиҳатҳо фарқ мекард, муҳаққиқон ӯро бунёдгузори сабки ҷадид дар а. 16 эътироф кардаанд. Абёти зер намунае аз нигоштаҳои Бобо Фиғонӣ мебошанд:
Муқаййидони ту аз ёди ғайр хомӯшанд,
Ба хотире, ки туӣ, дигарон фаромӯшанд.
Бурун хиром, ки бисёр шайху донишманд,
Хароби он шикани турраи буногӯшанд.
Чӣ айш хуштар аз ин дар ҷаҳон, ки як-ду нафас,
Ду кас ба дӯстии ҳам пиёлае нӯшанд.
Ҳазор сӯзани пӯлод дар дил аст маро
Аз ин ҳарирқабоён, ки дӯш бар дӯшанд…
Чаман хуш аст, Фиғонӣ, ки аз маю аз гул,
Ҷавону пир дар ин ҳафта масту мадҳушанд.
Осор
вироиш- دیوان اشعار بابا فغانی. تهران،۱۳۴۰هـ. ش
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- احمدگلچین معانی. تاریخ تذکرههای فارسی.ج۲. تهران،۱۳۶۳هـ. ش؛
- صفاذبیح الله. تاریخ ادبیات درایران.ج۴. تهران،۱۳۸۳هـ. ش؛
- علیقلیوالۀداغیستان. تذکرۀریاضالشعرا. ج۴. تهران،۱۳۸۴هـ. ش؛
- تقیالدینمحمداوحدی. عرفاتالعاشقینوعرصاتالعارفین. ج۵. تهران،۱۳۸۹هـ. ش
Сарчашма
вироиш- Бобо Фиғонӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.