Бобо ва хирс
Бобои Талабшоҳ ва Мария (Мӯйсафед ва хирс) — пирамард ва хирси ӯ, ки дар охири солҳои 90-уми асри XX ва ибтидои асри XXI ба рамзи Душанбе табдил шуда буданд[1].
Саргузашт
вироишТалабшо Шейхов, сокини деҳаи Ялаши ҷамоати Пилдони ноҳияи Ҷиргатол соли 1990 дар кӯҳистон дар хонаи яке аз шиносҳояш хирсбачаи 1,5 — моҳаро пайдо кард. Хирсак бесоҳиб буд. Модару бародарашро шикорчиҳо кушта буданд. Бар ивази як буз бобои Талабшоҳ хирсбачаи модаро аз соҳибаш гирифт ва онро Мария ном кард (он замон сериали мексикоии Просто, Мария! дар собиқ Шӯравӣ маҳшар ба по карда буд). Талабшо Марияро бо шири гов, гоҳо шири келинаш бузург кард[2].
Президент Эмомалӣ Раҳмон ба бобои Талабшоҳ соли 1995 пешниҳод кард, ки дар зоопарки Душанбе кор кунад…
Бойбачаҳо бар ивази Мария ба бобои Талабшоҳ пули калон, ҳатто 2 — 3 — хонагӣ дар маркази шаҳр ваъда карданд, розӣ нашуд. Аммо замоне шуд, ки бобои Талабшоҳ ҳам ба посбонии Боғи ҳайвонот ва ҳам маблағи бузурги бойбачаҳо зор шуд, лек касе ба додаш нарасид. «Духтар» бузург шуда, рўзе то 10 — 12 кило ғизо мехӯрд. Зӯри «падар» барои таъмини ӯ намерасид.
Бобои Талабшоҳ, ки синнаш ба 80 расида буд, маҷбур буд ҳамроҳи Мария дар кӯчаҳо гашта, намоишномаҳои худро ба мардум пешниҳод кунанд ва қути лоямути «духтар» — ашро пайдо намоянд.
Мӯйсафед вақте медид, ки ҷавонон «салому алайк»- ро намедонанд, аз хирс хоҳиш мекард, то ба онҳо одоб нишон диҳад.
Онҳо 21 сол бо ҳам буданд. Мӯйсафед соли 2011 вафот кард. Мария, ки дар кӯчаҳои Душанбе мардумро хушҳол мекард, ҳоло дар боғи ҳайвоноти пойтахти Тоҷикистон умр ба сар мебарад[3].
Бобо ва хирс дар ВАО
вироишБисёре аз расонаҳои тасвирӣ ва чопии дохилу хориҷ дар бораи достони дӯстию рафоқати Бобои Талабшоҳ ва Мария гузоришҳое таҳия ва пахш кардаанд. Маҳдии Бимонӣ, аккос ва коргардони эронӣ мустанаде дар бораи ин пирмарди тоҷик ва хирсаш сохта ва Телевизиони Форсии Би-би-сӣ ин филмро пахш карда буд[4].
Гузоштани тандиси Бобо ва хирс
вироишСокини Душанбе Михаил Рибаков соли 2015 пешниҳод кард, ки барои ҳардуи онҳо дар ягон гӯшаи пойтахти Тоҷикистон ҳайкали «ду дӯст», «падару фарзанд» ва як намунаи нотакрори тавозуни руҳонии инсону вуҳуш, муҷассамаи ғайриоддӣ дар таърихи башарро гузоранд, то дарсҳое барои инсониятро ёдоварӣ кунад. Ва он арҷгузорӣ на фақат ба бобои Талабшоҳу Мария, балки ҳамзистии инсону табиат хоҳад буд[5].
Соли 2017 муҷассамаи Бобои Талабшоҳ ва Марияро бо фармоиши ширкати «iamdifferent» сохтаанд ва нақша доранд, ки онро рӯзҳои наздик ба маркази шаҳри Душанбе, назди фурӯшгоҳи фирмавии «iamdifferent» интиқол бидиҳанд[6].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Муҷассамаи бобои Талабшоҳ ва хирс Мария гузошта мешавад? - faraj.tj. «Фараж». faraj.tj. 6 сентябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 сентябри 2017.
- ↑ Мӯйсафед ва хирс. Ду руҳе, ки дар кӯчаҳои Душанбе зиндагӣ мекунанд.
- ↑ Зарангези Наврӯзшоҳ, Шодмони Ятим. Идомаи саргузаштҳои Мария - хирси ҳунарманд. Радиои Озодӣ. 6 сентябри 2017 санҷида шуд.
- ↑ 'ماریا' و 'فطر تاجیکان' در آپارات(форсӣ). BBC Persian. 6 сентябри 2017 санҷида шуд.
- ↑ Манижа КУРБАНОВА. Старик и Маша, ASIA-Plus (8 июли 2017). Проверено 6 сентябри 2017.
- ↑ Мавзуна Абдуллоева. В Душанбе изготовили скульптуру народного символа города – Деда и медведицы Маши, ASIA-Plus (5 сентябри 2017). Бойгонӣ шудааст 5 сентябри 2017 сол. Проверено 6 сентябри 2017.
Видео
вироиш- Старик и Медведь в Душанбе. YouTube (8 июли 2017). 6 сентябри 2017 санҷида шуд.
- CBC Correspondent Tajikistan. (1.Of.4)(англ.). YouTube (22 November 2008). 6 сентябри 2017 санҷида шуд.
Пайвандҳо
вироиш- Бароти Юсуфӣ, Сарвинози Руҳуллоҳ. Муҷассамае, ки Мария ҳеч гоҳ намебинад. ВИДЕО. Радиои Озодӣ. 7 сентябри 2017 санҷида шуд.
- Раҳматкарими Давлат. Марги муйсафеди хирсбоз(тоҷ.). Рӯзномаи Миллат. www.millat.tj. 6 сентябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 Январ 2019.
- Лица нашего города: дед с медведицей как символ Душанбе(рус.). ru.sputnik-tj.com. 6 сентябри 2017 санҷида шуд.
- Старик и медведица(рус.), Рамблер/новости. Проверено 6 сентябри 2017.
- В ТАДЖИКСКОЙ СЕМЬЕ ЖИВЕТ МЕДВЕДИЦА МАРИЯ(рус.). animalworld.com.ua. 6 сентябри 2017 санҷида шуд.
Сарчашма
вироиш- Мӯйсафед ва хирс. Ду руҳе, ки дар кӯчаҳои Душанбе зиндагӣ мекунанд | TojNews. tojnews.tj. 6 сентябри 2017 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)