Хирс (лот. Ursidae) — як навъ ҳайвони даррандаро гӯянд. Бино ба таснифоти ҷонваршиносӣ хирс як оилаи ширхӯрҳост. Дарозиаш 1,5—3 м, вазнаш аз 60 то 700 кг.

Хирс
Сирийский бурый медведь
Хирси қаҳваии сурӣ (Ursus arctos syriacus)
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Ursidae G. Fischer, 1817
Таксонҳои хоҳар
Нигаред ба матн

7 намуди хирс (айнакдор, лабдароз, малайӣ, ҳимолой, малла, сафед ва барибал) маълум аст.

Ҳаёти хирсҳо

вироиш

Аксари онҳо дар ноҳияҳои нимкураи шимолӣ маскун шудаанд, фақат хирси айнакдор дар Америкаи Ҷанубӣ вомехӯрад.

Дар ҷангалзори Тоҷикистон хирси малла (U. агctos) зиндагӣ мекунад. Вазнаш зиёда аз 300 кг. Хӯрокаш мева, ҷалғӯза, реша, чормағз ва инчунин ҳашарот, кирм, калтакалос, моҳӣ, қурбоққа, хояндаҳо аст. Аз тирамоҳ ба хоби зимистона меравад. Давраи ҳамлаш 7 моҳ; дар 2 сол як маротиба (одатан дуто) бача мезояд.

Xирс 30—40 сол умр дида, дар 3—4-солагӣ афзоиш мекунад. Равғану талхаашгро дар тиб истифода мебаранд. Саршумори ҳамаи намудҳои хирс кам шудааст ва аз ин сабаб онҳоро дар бисёр кишварҳо (аз ҷумла дар Тоҷикистон) муҳофизат мекунанд.

Хирсҳо пистондороне ҳастанд бо ҷуссаи бузург ва думи кӯтоҳе, ки дар миёни мӯҳои баландшона махфӣ аст. Саргард ва гарданашон кӯтоҳ ва ҳар кадом аз дастҳо ва поҳояшон дорои панҷ ангушт мебошад ва аз лиҳози ҳаракат кафи рӯ ҳастанд.

Сарчашма

вироиш