Бобоғиёс Абдулғанизода
Бобоғиёс Абдулғанизода машҳур ба Отағиёс (1859, Бухоро — 1927, ҳамон ҷо) — танбӯрӣ, оҳангсоз, сароянда ва мусиқидони тоҷик, намояндаи мактаби эҷодии Бухоро («Шашмақом»).
Таърихи таваллуд | 1859 |
---|---|
Зодгоҳ | Бухоро |
Таърихи даргузашт | 1927 |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз, сароянда, мусиқидон, танбӯрӣ |
Зиндагинома
вироишМусиқӣ ва шеърро ибтидо аз падараш, ки аз фарҳангиёни машҳури Бухоро буд, омӯхта, сипас таҳсилро дар мадрасаи Бадалбеки Бухоро идома додааст. Аз наздикон ва фаъолони маҳфилҳои адабию мусиқии Аҳмади Дониш (1826—1897) буд. Дар танбӯрнавозӣ ва иҷрои бахшҳои «Савт», «Наср», «Мушкилот» («Шашмақом») маҳорати баланд дошт. Бобоғиёс дар дарбори амирони манғитӣ Музаффар (Шаҳрисабз, 1860-85), Абдулаҳад (Кармина, 1885—1910), Олимхон (Бухоро 1910-20) мутриб ва муддате сарвари ромишгарони дарбор буд. Баъди Инқилоби Бухоро (1920) дар Мактаби мусиқии Бухоро (1920-26) ва Донишкадаи хореографӣ ва мусиқии ш. Самарқанд (1927) дарс дода, ба навозандаву сароянда ва оҳангсозон Ш. Соҳибов, Ф. Шаҳобов, М. Бурҳонов, М. Ашрафӣ, Ю. Раҷабӣ ва дигар асосҳои амалии мақомҳоро омӯхтааст. Устодони машҳури мусиқӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз (1852—1936), Домулло Ҳалим (1876—1940), Устод Шодӣ (Азиз, 1878—1942) ва дигар аз таҷрибаи ғании иҷроии ӯ баҳравар шудаанд. Б Бобоғиёс дар сабти адвории «Шашмақом» (бахши созӣ), ки соли 1923 ба воситаи мусиқишинос-мардумшиноси рус В. А. Успенский сурат гирифт, фаъолона ширкат кардааст. Мусиқишинос Н. Н. Миронов аз Б Бобоғиёс намунаҳои баргузидаи мақомҳо ва мусиқии шифоҳиро сабт намудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Миронов Н. Н. Музыка таджиков. Сталинабод, 1932;
- Таджикская музыка. Д., 2004;
- Донишномаи Шашмақом. Д., 2009.
Сарчашма
вироиш- Бобоғиёс Абдулғанизода // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.