Богҳед
Богҳед (англ. Boghead — аз номи маҳал дар Шотландия) — навъи ангишти сапропелӣ, ки асосан аз рустаниҳои содатарин – обсабзҳо пайдо шудааст.
Рангаш хира, нимхира, аз равшан то бӯри сиёҳтоб, бисёр мустаҳкам ва часпак мешавад. Богҳедро бо гӯгирд ба осонӣ оташ додан мумкин аст. Дар вақти сӯхтан бӯи резин медиҳад. Асосан аз моддаҳои бухоршаванда (75–90%) ва ҳидроген (8–12%) таркиб ёфтааст. Гармии сӯзиши он 33,5–37,7 МҶ/кг (8000–9000 ккал/кг) мебошад. Богҳед барои истеҳсоли сӯзишвории сунъии моеъ, равғанҳои молиданӣ, зифт ва ғайра истифода мешавад. Конҳои маъмули Богҳед дар Шотландия, Фаронса, Австралия, Бразилия, ИМА (Пенсилвания ва Аляска), Украина ва Россия воқеанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Богҳед // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.