Ангишт
Анги́шт — маъдани сахти сӯзанда, ки аз наботот ба вуҷуд омадааст.
Навъҳои ангишт
вироишАнгишт табиӣ ва сунъӣ мешавад.
Ангишти табиӣ
вироишАнгишти табиӣ сӯзишвории сахт буда, дар равандҳои биохимиявӣ, физикавӣ ва физикавию химиявӣ ҳосил шудааст. Ангишти табиӣ хуб месӯзад. Сифати сӯхтанаш ба миқдори моддаҳои органикии он вобаста аст. Агар ҷинс моддаи органикии кам дошта, хокистараш аз 50% зиёд бошад, ҷинси ангиштдор меноманд.
Ангишти табиӣ вобаста ба пайдоиши моддаҳои якумини органикиаш ду навъ мешавад: гумолитҳо ва сапроселитҳо. Ангишти сапроселити серхокистар варақсанги сӯзанда аст. Якхела набудани моддаҳои якумин ва фарқи ҷудошавию бадалшавии онҳо боиси гуногун шудани ҷило, ранг, зичӣ, таркиби ҷузъҳои хурдтарин ва микросохтори он гаштааст. Гуногунии ангишти табиӣ ба якхела набудани моддаҳои якумин ва фарқият дар раванди инҳилол ва мубаддалшавӣ вобаста мебошад. Ангишти табииро аз ҷиҳати дараҷаи метаморфизми моддаи ангиштҳосилкунанда (аввал наботот ба торф ва сипас он ба ангишт табдил меёбад) ба ангишти бӯр, ангиштсанг ва антратсит ҷудо мекунанд.
Ангишти бӯр
вироишАнгишти бӯр ё қаҳваӣ радаи поёнии ангишти табиӣ буда, аз торф ба вуҷуд меояд ва се навъ (хока, сахт, лигнит–чалаангишт) мешавад. Таркибаш аз кислотаи гумин, моддаҳои органикӣ – битумҳо, зифт ва ғайра иборат буда, то 24 МҶ/кг гармӣ медиҳад. Ангишти бӯрро аз рӯи ҷило, таркиби петрографӣ ва хокистару намӣ тасниф мекунанд. Ангишти бӯр чун ашёи хоми саноати химия ва сӯзишворӣ истифода мешавад. Калонтарин конҳои ангишти бӯр дар ИМА, Русия, Чехия ва Олмон воқеанд. Дар Тоҷикистон якчанд конҳои Ангишти бӯр мавҷуданд, ки калонтаринашон кони «Шӯроб» аст.
Ангиштсанг
вироишАнгиштсанг ҳам ангишти табиӣ буда, дараҷаи ангишт шуданаш ба марҳилаи миёнаи метаморфизм рост меояд. Ҳарор. сӯзишаш аз 24 МҶ/кг зиёд, миқдори моддаҳои бухоршаванда аз 9% кам мебошад. Рангаш сиёҳ ё хокистарранги сиёҳтоб. Таркибаш моддаҳои органикӣ (карбон, гидроген, оксиген, каме нитроген ва ғайра) ва минералӣ (сулфур) дорад. Ангиштсанг, одатан, бо тамғаҳои ангиштсанги баландоташ, газӣ, газии равғаннок, равғанин, коксшаванда, пурра пухташаванда, коҳида, антратситӣ (ниг. Антратсит) ва ғайра истеҳсол ва чун сӯзишворӣ дар саноати химия, металлургия ва ғайра истифода мешавад. Дар Тоҷикистон калонтарин кони ангиштсанг «Фон-Яғноб» буда, захирааш зиёда аз 900 млн т аст.
Ангишти сунъӣ
вироишАнгишти чӯб
вироишАнгишти чӯб мансуби ангишти сунъист. Бо роҳи дар қӯра ва реторта бе ҳаво тафсондани чӯб ҳосил мекунанд; гармии сӯзишаш 29,4 – 34,02 кҶ/кг. Ба туфайли хосиятҳои баланди адсорбсионӣ доштанаш дар баъзе равандҳои металлургӣ, истеҳсоли силитсийи кристаллӣ, карбосулфид, дар рӯзгор ва хоҷагии халқ истифода мешавад.
Ангишти ҷозиб
вироишАнгишти ҷозиб (фаъол)-ро, ки ба ангишти сунъӣ мансуб аст, аз ангишти табиӣ ё ангишти чӯб бо роҳи нест кардани моддаҳои зифт ҳосил мекунанд. Хосияти адсорбсионии ангишти ҷозиб хеле баланд аст. Онро дар техникаи баландвакуум, саноат, тиб ва ғайра истифода мебаранд.
Конҳои ангишти Тоҷикистон
вироишДар Тоҷикистон 13 кон ва зиёда аз 15 зуҳуроти ангишт мавҷуд аст (ниг. конҳои Шӯроб, Фон-Яғноб, Моғиён, Ғузн, Киштут–Заврон, Зиддӣ, Назар Айлоқ, Тошқутан, Ҳакимӣ, Сайёд, Миёнаду, Шӯрообод, Равнов). Дар ҷумҳурӣ соли 2010 184 ҳазор т А. истихроҷ шудааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Ангишт // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.