Бодбезак, бодбизан, мирваҳа — афзори шамолдиҳӣ дар мавсими гармо.

Бодбизани дастии ҷопонӣ

Таърих

вироиш

Бодбезак аз замонҳои қадим дар мамлакатҳои мухталифи олам, бештар дар кишварҳои гармиқлим (қораи Африқо, Ҳинд, Осиёи Пеш, Осиёи Хурд, Осиёи Марказӣ, Хитой ва амсоли инҳо) маъмул буда, аз баргҳои хурмо, нилуфар, пари баъзе аз парандагон, баъдҳо аз коғаз, устухони фил, косахонаи сангпушт, филизз, матоъи абрешим ба шаклҳои гуногун сохта мешуданд. Аз ҷиҳати шакл низ андозаву тарҳҳои мухталиф дошта, қисме сода ва бархе кандакорӣ, ҳаккокӣ, нигинкорӣ, гулдӯзӣ ва наққошӣ шуда буданд, ки ин навъи бодбезакро аслан сарватмандон истифода мебурданд. Бо вуҷуди дар замони ҳозира ихтироъ шудани бодбезакҳои барқӣ бодбезакҳои маъмулӣ ҳам фаровон истифода бурда мешавад.

Адабиёт

вироиш
  • Большая советская энциклопедия. Т. 4. М., 1971;
  • Большая иллюстрированная энциклопедия. Русский мир. Т. 12, М., 2008.

Сарчашма

вироиш