Бодиён, бодиёни чинӣ (лот. Illicíum vérum) — дарахтест ҳамешасабз (то 10 м қад мекашад).

Бодиёни чинӣ
Illicium verum
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Illicium verum Hook.f. (1888)
Мутародифот
Illicium san-ki Perr. (1825)[1]

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

вироиш

Баргаш нештаршакл (дарозиаш 4–9 см, бараш 1–3 см), чармгуни ҷилодор, бедандона. Гулаш дуҷинса, сафеди зардтоб. Мевааш ситорашакл (6–8-гӯша); аз он бӯйи анисун меояд. Аслан аз Хитой аст. Меваи бодиён хушбӯй буда, то 2% равғани эфир дорад.

Хосияти шифоӣ

вироиш

Табибони халқӣ бо ҷӯшобаи он (2 – 3-қошуқӣ пеш аз тановул) дарди меъда, табларза ва рагкаширо табобат мекунанд. Ҷӯшоби бодиён (1:20) лӯндакирмҳоро мекушад. Дар амалияи тибби муосир равғани эфири бодиёнро барои беҳтар намудани таъму бӯйи дору истифода мебаранд; кори рӯдаро низ тақвият мебахшад, барои тайёр кардани атриёт зарур аст.

  1. Illicium san-ki Perr. // The Plant List (2013). Version 1.1. Published on the Internet.(англ.)v

Сарчашма

вироиш