Бодомча
Бодомча (лот. Amygdalus spinosissima), сиёҳбодом, сиёҳхор, қарғанак — як навъ буттаи худрӯй.
Бодомча | ||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
ХАТО: Параметрҳои parent ва rangро бояд пур кунед.
|
||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||
|
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
вироишТо 1-2 м қад мекашад; пӯстлохаш хокистарранги сиёҳтоб. Барги бедумчаи нештармонанд ё белчашакл, гули сурхи арғувонӣ ё гулобӣ (5-8-барга) дорад. Моҳҳои март — апрел гул карда, июн — июл мевааш мепазад. Дар нишебии кӯҳҳо (баландии 400—1400 м аз с. б.) мерӯяд.
Густариш
вироишДар кӯҳҳои Копетдоғ ва Тиён-Шон, дар Эрон, Қурдистон, Осиёи Хурд, қ-кӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, ҷангалзорҳои ноҳияи Данғара васеъ паҳн шудааст. Дар бодомчазорҳо бисёр рустаниҳои муфид, мас., ҷорӯбак, ғеша, ров, камол, шибоғ, эфемерҳо, эфемероидҳо низ месабзанд.
Хосияти шифоӣ
вироишМағзи бодомча то 42 % равған дорад. Аз равғани бодомча табибон марҳам тайёр карда, барои табобати бемориҳои гӯш истифода мебаранд. Мағзи бодомча заҳрнок аст (амигдалин ном гликозид дорад). Ҳангоми таҷзияи амигдалин кислотаи сианид ҷудо мешавад. Ҳангоми заҳролудӣ сар дард кардаву дил беҳузур шуда, одам қай мекунад, гавҳараки чашмаш васеъ, набзаш суст, нафаскашиаш душвор мегардад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Флора Таджикской ССР. Т. 5. Л., 1975;
- Запрягаева В. И. Лесные ресурсы Памиро-Алая. Л., 1976;
- Жизнь растений. Т. 5 (2). М., 1981.
Сарчашма
вироиш- Бодомча / С. Юнусон, М. Расулов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.