Бодбарак

(Тағйири масир аз Бодпарак)

Бодбарак, бодпарак — навъи бозиҳои мардумии кӯдакону наврасон, ки дар Тоҷикистону Афғонистон, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва умуман дар бештаре аз қисмати ҷаҳон аз қадим маъмул аст.

Бодбаракро дар баъзе минтақаҳо бодпарак, лаклак ё лаклакбозӣ низ мегӯянд[1]. Намуди содаи он (маъмулан аз ҷониби кӯдакон) чунин сохта мешавад: коғази чоргӯша, сегӯша ва ё ин ки як варақи комилро бо риштаи ғафс баста, ба рафти боди мавзун ба ҳаво сар медиҳанд ва як нӯки риштаро дошта шодикунон аз дунболи он медаванд.

Бодбаракро дар ноҳияи Айнӣ, Панҷакент, Варзоб ва Ҳисор ин гуна месозанд: дар чаҳор гӯшаи коғази андозааш 30х40 см чӯби борики сабукро бо ширеши зардолу часпонда, риштабофӣ мекунанд ё медӯзанд. Сипас банде ё риштаи дарозеро ба миёнҷойи он гиреҳ баста, онро ба ҳаво сар медиҳанд. Шакли маъмул ва асили бодбарак аз ширеш, коғаз ва найи маҳину тунук тарошида сохта мешавад: коғази бадошти андозааш тақр. 20х30, 30х40, 40х60 ва гоҳе аз ин ҳам бузургтарро гирифта аз миёнҷойи коғаз ба дарозии он миённай, аз болои он ба бари коғаз сарнай ва миённайи дигарро мечаспонанд. Баъд аз як гӯша ба дигар гӯша ду найи нисбатан дарозро чилликшакл тарзе ширеш мекунанд, ки дар боло ду шох монад. Ба шохҳо коғази ранга ё латтаи нафисро ба шакли байрақча мечаспонанд. Пас аз хушк шудани ширеш миённай ва сарнайро бо ресмон таранг кашида, камоншакл мебанданд. Баъд аз коғази нафиси бадошт ё порчаи шоҳӣ ба истилоҳи мардум «дар-дарак» сохта, онро ба риштаи боло мечаспонанд. Аз ду шох ва аз маркази миённай ришта гузаронда, нӯкҳои риштаро ба шакли секунҷа бо ҳам мепайванданд. Ба ду нӯки поёнии най се шилшила ё дум мебанданд, то ки мувозинати бодбаракро дар ҳаво таъмин кунанд. Вақте бодбаракро ба ҳаво сар медиҳанд, «дар-дарак» ба ларзиш меояд ва садои баланд мебарорад. Навъи дигари бодбарак ин тавр сохта мешавад: коғази андозааш 30х40 см-ро ба шакли паранда бурида, ба нӯки он риштае гиреҳ мезананд. Соҳиби бодбарак (маъмулан кӯдакон) аз нӯки ришта дошта медавад ва бодбарак аз дунболи он ба парвоз меояд. Навъи дигари бодбарак низ мавҷуд аст, ки дар байни кӯдакони минтақаи Хатлонзамин мушоҳида мешавад: як дона найи борики дарозиаш тақр. 40 см-ро гирифта ба сари он найи дигарро, ки дарозиаш 10-15 см аст, бо ришта мебанданданд. Баъд найи дигари дарозиаш 15 см-ро гирифта ба ду нӯки он ду пора коғази чоргӯшаи хурдро, ки дарозиаш тақр. 10 см аст, мечаспонанд. Ба ин чӯби най коғазҳо ширеш карда, ба дунболи он чӯби най, ки дар сари чӯби дароз часпонда буданд, тақр. дар фосилаи 15 см мебанданд. Сипас риштаи ғафсро ба нӯки чӯби найе, ки дар он чизе баста нашудааст, мебанданду онро гирифта медаванд. Ҳангоми давидан ва вазидани бод ин бодбарак парвоз мекунад. Имрӯзҳо дар шакли ҳавопаймо сохтани бодбарак низ ба назар мерасад.

  1. Бодбарак / Д. Раҳимов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.

Адабиёт

вироиш
  • Муродов О. Бодбарак // ЭСТ, ҷ. 1, Душанбе: Сарредакцияи илмии Энциклопедияи советии тоҷик, 1978. — С.471.