Бодсанҷ
Бодсанҷ[1], шамолсанҷ[2], анемометр (аз юн.-қад. ἄνεμος — бод ва μετρέω — чен мекунам) — асбобест барои чен кардани суръати бод.
Анемометр аз фирфираки палладори (ё паррадор) дар тир насбшуда иборат аст, ки он бо механизми ченкунанда пайваст мебошад. Ҳангоми вазидани бод паллаҳо ба ҳаракат даромада, гирди тир давр мезананд. Вобаста ба сохтору тарзи кор намудҳои гуногуни анемометр мавҷуданд. Дар анемометри дастӣ авваллин шумораи чархзании паллаҳоро дар воҳиди вақти муайян ҳисоб карда (мутаносиби масофаи муайян), сипас суръати миёнаи бодро меёбанд ва дар охир масофаро ба вақт тақсим мекунанд. Дар анемометри индуксионӣ паллаҳо бо тахометри индуксионии электрикӣ пайвастанд, ки суръати бодро бе ҳисобкунии иловагӣ ҳамон замон нишон медиҳад ва имконияти мушоҳида намудани тағйирёбии суръати бодро дорад. Барои фаврӣ муайян намудани суръати бод аз анемометри ҷайбӣ истифода мекунанд. Намуди содатарини анемометр — анемометри палладор мебошад, ки аз чор паллаи шак-лашон нимдоира иборат аст. Онро соли 1846 Ҷ. Ромни дар расадхонаи Арма (Ирландияи Шимолӣ) сохтааст. Анемометри паррадор ба боднамо монандӣ дорад. Бо иваз шудани самти бод тир ба ҳамон самт давр мезанад. Анемометри ҳароратӣ фарқи ҳароратҳоро дар «қабати ёридиҳанда» ҳисоб мекунад. Ин бузургӣ ба зичии сели ҳароратӣ мутаносиб аст. Фарқи ҳароратҳо ба воситаи пайванди тасмашакле, ки дар дохили «қабати ёридиҳанда» ҷойгир аст, чен карда мешавад.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Бодсанҷ чист? Маънои вожаи бодсанҷ(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 16 августи 2018 санҷида шуд.
- ↑ Шамолсанҷ чист? Маънои вожаи шамолсанҷ(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 16 августи 2018 санҷида шуд.
Сарчашма
вироиш- Анемометр / М. Холов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.