Бодуэн де Куртенэ, Иван Александрович

Ива́н Алекса́ндрович Бодуэ́н де Куртенэ́Ян Несислав Игнасий Бодуэ́н де Куртенэ́; лаҳӣ: Jan Niecisław Ignacy Baudouin de Courtenay, 1 (13) март 1845, Радзимин — 3 ноябри 1929, Варшава) — забоншиноси рус[7] и лаҳитабор, узви вобастаи АИ Петербург (1897). Яке аз намояндагони маъруфи забоншиносии умумӣ ва муқоисавӣ, саромади мактабҳои забоншиносии Қазон ва Ленинград. Профессори донишгоҳҳои Қазон (1875–83), Юрйевск (Тарту; 1883–93), Краков (1893–99), Петербург (1900–18).

Бодуэн де Куртенэ, Иван Александрович
лаҳӣ: Jan Niecisław Ignacy Baudouin de Courtenay
Таърихи таваллуд 13 март 1845(1845-03-13)[1][2][3][…] ё 13 март 1846(1846-03-13)[4]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 3 ноябр 1929(1929-11-03)[5][1][2][…]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ забоншиносӣ[6]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: doctor[d]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Izmail Sreznevsky[d]
Шогирдон Anatoli Guenko[d], Vasiliy Bogoroditsky[d], Sergey Bulich[d], Mikołaj Kruszewski[d], Yevgeny Polivanov[d], Lev Shcherba[d] ва Lev Petrovich Yakubinski[d]
Ҷоизаҳо
Order of St. Vladimir, 4th class Order of Saint Anna, 2nd class Order of Saint Stanislaus, 2nd class ордени Аннаи Муқаддас, дараҷаи 3 Order of Saint Stanislaus, 3rd class Medal In memory of Alexander III
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Солҳои охири умрашро дар Варшава гузарондааст. Ба таҳқиқи масъалаҳои забоншиносии умумӣ, муқоисавӣ-таърихӣ, таърихи забонҳои русӣ, полшагӣ ва диг. забонҳои славянӣ, фонология, назарияи хат ва ғ. машғул шудааст. Б. де К. забонро иборат аз маҷмӯи аломатҳо, падидаи иҷтимоӣ ва равонӣ медонист. Бо истифода ва дарки мафҳумҳои «статика» ва «динамика» мавҷудияти ҳадди синхрония ва диахронияро дар забон таъкид кардааст. Хидмати бузурги Б. де К. таҳияи назарияи фонема мебошад. Ӯ таснифи табодули фонетикиеро таҳия кард, ки онҳоро чун муносибати фонемаҳои гуногун дар таркиби морфемаҳои забонҳои ба ҳамдигар хеш мефаҳмид. Таълимоти Б. де К. барои пешрафти омӯзиши фонетика, забоншиносии умумӣ мусоидат намуданд.

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  3. Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  4. Архив изобразительного искусства — 2003.
  5. 5.0 5.1 5.2 Бодуэн де Куртенэ Иван Александрович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  6. Чешская национальная авторитетная база данных
  7. Бодуэн де Куртенэ, Иван Александрович // Новая иллюстрированная энциклопедия. — Кн. 3. Би-Ве. — М.: Большая российская энциклопедия, 2003. — С. 27—28. — ISBN 5-85270-195-5 (кн. 3), ISBN 5-85270-218-8.

Адабиёт

вироиш
  • Алпатов В. М. История лингвистических учений. М., 2001.

Сарчашма

вироиш