Бод, ҳаво — дар фалсафаи асрҳои миёнаи Шарқ яке аз чаҳор унсур дар олами зери қамар аст, ки онро олами кавну фасод номанд.

Ақидаҳо

вироиш

Бод дар зери кураи оташ ва забари кураи об ҷой гирифтааст. Он ду табъ ё хосият – намию гармӣ дорад. Ин қазия чунин мазмун дорад, ки ҳар чӣ болои сари мост ва бароямон соя меафканад, Осмон аст ва ин Осмон дар афкори фалсафӣ ва ҳастишиносии мутафаккирони асрҳои миёна аз бухору дудҳое, ки аз замин ва рутубату бухорҳое, ки аз баҳрҳо бармехезанд, тақрибан то 15 фарсахии Осмон қарор хоҳанд гирифт. Ҳукамо ҳавои иҳотакардаи заминро ба чанд табақа ҷудо намудаанд. Табақаи аввали онро «насим» номидаанд, ки бахши поинаш ба замин муттасил буда, ба ҳар сӯ ҷунбишу ҳаракат мекунад ва тақр. то 15 фарсахии Осмонро фаро гирифтааст, ҳамчунин барои зиндагӣ созгор мебошад. Ин тақр. муодили «атмосфера»-и Замин аст. Табақаи аз он болотар дорои ҳавои сокин ва иборат аз газу анбӯҳи абру барқ аст, ки ба зиндагӣ созгор нест. То 45 фарсах аз замин ин ҳаво дорои касифиҳои бухорӣ мебошад, аз он болотар то 100 фарсах бухори латифу ҳавои шаффоф то марзи асир вуҷуд дорад.

Ҳамин масъаларо Ибни Сино баъди баёни ду табъ ё хосияти бод – нармию гармӣ баррасӣ намуда, онро ба 4 табақа ҷудо кардааст:

  1. табақаи муҷовири сатҳи замин, ки аз бухору ҳарорати аз замин бароянда пур шудааст;
  2. табақаи болотаре, ки бухораш камтар ва ҳарораташ бештар аст;
  3. табақае, ки дорои ҳавои сарду пок (холис) аст;
  4. табақаи духонӣ (омехта бо дуд), ки аз кӯҳҳо ба он дохил шудааст.

Болои табақоти мазкур кураи оташ ҷой гирифтааст. Бод якҷоя бо оташ аносири хафифро ташкил медиҳад ва аз рӯйи майли ҳаракаташ унсури хафифи изофӣ ё нисбӣ мебошад.

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Шаҳристонӣ Саид Ҳиббатуддин. Ислом ва Ҳайъат. Табрез, 1342;
  • Диноршоев М. Матолиби фалсафии Ибни Сино. Д., 2011.

Сарчашма

вироиш