Бозоралӣ Азизов
Бозоралӣ Азизов (Азизов Бозоралӣ Сатторович; тав. 9 июни соли 1946, шаҳри Кӯлоб) — олим, технолог, доктори илмҳои техникӣ (2003), профессор (2004), дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (2001).
Бозоралӣ Азизов | |
---|---|
Бозоралӣ Сатторович Азизов | |
Таърихи таваллуд: | 9 июн 1946 (74 сол) |
Зодгоҳ: | Кӯлоб |
Фазои илмӣ: | технология |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои техникӣ |
Унвонҳои илмӣ: | профессор |
Маъруф ба: |
|
Ҷоизаҳо: | Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (2001) |
ЗиндагиномаВироиш
Хатмкардаи Институти технологии шаҳри Ленинград (1969). Аспиранти ҳамин институт (1969 – 1972), лаборанти калон, ходими хурди илмии Институти химияи АИ ҶШС Тоҷикистон ба номи В. И. Никитин (1972 – 1973); муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи химияи Институти политехникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ (1973 – 1992); сардори шӯъбаи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992), муовини сардори шӯъбаи Идораи корҳои Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993); муовини сардори шӯъба, сардори шӯъбаи техникӣ, сардори хадамоти тайёр намудани кадрҳои заводи алюминийи Тоҷикистон (1994 – 2000); ноиби ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (2000 – 2009), профессор кафедраи химияи ҳамин донишгоҳ (2009 – 2010). Аз феврали 2010 муовини директори Институти тадқиқоти илмии металлургияи Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик». Азизов оид ба коркарди партовҳои истеҳсоли алюминий зиёда аз 150 асару мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ нашр кардааст, муаллифи 7 патент ба ихтироот ва 2 шаҳодатномаи маҳсулоти зеҳнӣ.
ОсорВироиш
- Утилизация отходов производства алюминия. - Д.,2000;
- Комплексная переработка отходов производства алюминия. - Д.,2005;
- Курси мухтасари химияи ғайриорганикӣ. - Д.,2008.
ЭзоҳВироиш
СарчашмаВироиш
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2017, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.