Бозоргул Алиаҳмадова
Бозоргул Алиаҳмадова ( 1936, деҳаи Арбоби ноҳияи Муъминобод) — пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1978), Устоди пахтаи Тоҷикистон.
Таърихи таваллуд | 1936 |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Муъминобод |
Ҷоизаҳо |
Солҳои фаъолият
вироишКолхозчӣ (1950 – 1957), сардори бригадаи пахтакории колхози ба номи Ленини ноҳияи Муъминобод (1957 – 1989). Аз соли 1990 нафақагири шахсӣ.
Бригадааш ҳосили фаровони пахта рӯёндааст. Бо орденҳои Ленин ва Револютсияи Октябр, медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди Владимир Илич Ленин» сарфароз гардидааст.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, Зиндагӣ ва фаъолияташ ибратомӯз аст
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.