Бозори «Панҷшанбе»
Бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд, дар Осиёи Миёна калонтарин бозоре, ки дар шакли пӯшида сохта шудааст.
Ҷойгоҳ
вироишБозори мазкур аз тарафи шарқ бо мавзеи “Регистон”-и Хуҷанд, ки дар пешгоҳи масҷиди Шайх Маслиҳатдин воқеъ аст, пайваст буда, аз қисми ҷануб бо кӯчаи Шарқ ва дар рӯ ба рӯи «Афғонбозор» ҷойгир шудааст. Аз тарафи шимол бо маҳалли аҳолинишин ҳамсарҳад аст. Бозор дар маркази шаҳри Хуҷанд ҷойгир мебошад ва яке аз шукӯҳҳои шаҳрдории ин марзи қадим ба ҳисоб меравад.
Аз тарафи ғарбу шарқи бозор ду дарвоза (даромадгоҳ)-и ба ҳамдигар хеле шабеҳ, ки намуди гунбазро доро мебошад, даромадгоҳҳои асосии сокинону меҳмонон ва тоҷирон мебошад. Сақфи даромадгоҳ аз гаҷкорӣ, гулкорӣ ва нақшу нигори миллӣ иборат буда, нигораҳои он аз ороиши миллии ниёгони мо дарак медиҳад. Чунин нақшу нигорро рассомон ва графологҳо ба навъи нақшу нигори ориёӣ мансуб медонанд. Зеро дар пайвасти нигораҳо ноаён метавон мушоҳида намуд, ки герби ориёиҳои қадима ба ҷилва медарояд.
Сохти дохилии он низ бо сутунҳои баланду боло ва сақфи кошинкории махсусу беназир, ки шакли «ҷӯйбори чаппа»-ро дорост, сохта шудааст. Аҷобат дар он аст, ки пиромуни даври бозор аз ду ошёна иборат буда, мобайни бозор якошёна аст. Вақте кас аз ошёнаи дуввум ба маркази бинои бозор назар мекунад, бемалол шоҳиди равуо ва хариду фурӯши сокинону тоҷирон мегардад.
Сохтмони бозори «Панҷшанбе» миёнаи солҳои 50-уми асри XX сурат гирифтааст. Пирони рӯзгордида нақл мекунанд, ки рӯзи ифтитоҳи бозор ва нахустин рӯзи савдову хариди тоҷирон ва сокинон ба рӯзи панҷуми ҳафта, яъне рӯзи панҷшанбе иттифоқ афтодааст. Аз ин рӯ, аз ҳамон лаҳза онро бозори «Панҷшанбе» ном бурданд.[1]
Ин аст, ки тӯли тақрибан 70 сол бозори мазкур дар Осиёи Миёна аз ҳама бозори калонтарини шакли пӯшида эътироф мегардад.
-
Бозори «Панҷшанбе»
-
Роҳрави бозор
-
Савдои қурут дар бозор
-
Дохили Бозори «Панҷшанбе»
-
кӯчаи назди бозор
-
майдони назди бозор
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Калонтарин бозор дар Осиёи Миёна. 28 октябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 май 2022.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |