Анастомо́з (аз юн. ἀναστόμωσις — сӯрохӣ, баромад) — дар ҳайвонот — пайвасти байни асабҳо, мушакҳо, рагҳои хун ё лимфа.

Анастомоз новобаста аз ҳосил шудани шабакаи капиллярии байни артерия ва венаҳо дар танзими хунтаъминшавии узвҳо ёрӣ мерасонад. Дар клиника анастомоз гуфта пайванди сунъӣ ё дар натиҷаи беморӣ ба вуҷуд омадаи байни узвҳои найчашаклро меноманд. Анастомоз дар рустаниҳои олиташаккул маънои пайванди байни сохторҳои найчашакл (мас., рагҳои рӯи барг)-ро дорад. Он дар занбӯруғҳо васлгоҳи ду гифи занбӯруғреша аст, ки дар натиҷаи норасоии ғизо ташаккул ёфта, баҳри ҳосил шудани митселияи диплоидӣ ва гетерокариони митселияи гаплоидӣ роли муҳим мебозад, зеро ба воситаи анастомоз ядро аз як ҳуҷайра ба ҳуҷайраи дигар мегузарад.

Сарчашма

вироиш