Боинтизомӣ — сифати муҳимми маънавӣ, ки бо муносибати масъулиятноки инсон ба кор, бо эҳсоси инкишофёфтаи вазифашиносӣ, бо талаботи ниҳоят баланд ба рафтору кирдори худ ва дигар одамон тавсиф дода мешавад.

Малакаи боинтизомиро дар кӯдакон аз лаҳзаҳои аввалини ҳаёт, яъне то ба мактаб рафтан ташаккул бояд дод. Зуҳуроти боинтизомӣ дар кӯдакони синни томактабӣ итоаткорӣ ва иҷро намудани талаботи волидайн мебошад. А. С. Макаренко қайд кардааст, ки агар кӯдак дар 3-5-солагӣ итоаткору ҳарфшунав набошад, он гоҳ дар синни 6-7-солагӣ аз уҳдаи тарбияи ӯ баромадан душвор мегардад. Волидайн ва муаллимон бояд якҷо кӯшиш намоянд, ки дар навраси 10-12-сола малакаи дарки вазифаву уҳдадориҳоро дар мактабу оила ва инчунин маҳорати мустақилона иҷро намудани онҳоро ташаккул диҳанд. Боинтизомии наврасон ва навҷавонон, пеш аз ҳама, аз боинтизомии калонсолон, махсусан ба худи волидайн вобаста аст. Боинтизомии ҳақиқӣ ташаббус, уҳдабароӣ, кӯшиши бо рафтори худ хурсанд кардани волидайн, рафиқон, устодон ва ғайраро дар бар мегирад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш