Боис (ар. باعث‎ — сабаб, мӯҷиб) — номи яке аз баҳрҳоест, ки арӯзиёни форс-тоҷик Баҳромии Сарахсӣ ва Бузурҷмеҳри Қоинӣ баъди Халил ибни Аҳмад ихтироъ кардаанд.

Сабаби боис ном гирифтани ин баҳр он аст, ки доираи Мунғалата аз он оғоз ёфта, бо он ба охир мерасад. Рукнҳои асосии боисро аз ҷузви якуми рукни аввали доираи Мунғалата (нигар Доираҳои арӯз) — мафоӣлун /V — — -/ ҷудо кардаанд. Агар аз ҷузъи аввали рукни якуми доира, яъне аз «ма» /V/ сар кунем, мафоӣлун /V — — -/, фоилатун /- V — -/, мустафъилун / — — V -/ ба вуҷуд меояд, ки вазни як мисраъ шеъри баҳри боиси мусаддаси солимро ташкил медиҳад. Дар ҳар се рукни боис сабаби хафиф /-/ нисбат ба ватади маҷмӯъ /V -/ ва ватади мафруқ /- V/ зиёдтар аст. Дар ин рукнҳо фосила иштирок надорад. Вазни солими боис аз ҷумлаи авзони сақили арӯз ҳисоб меёбад, зеро ҳиҷоҳои дарози он нисбат ба ҳиҷоҳои кӯтоҳаш бештар аст. Боис рукни махсус надошта, дар натиҷаи омезиши рукни асосии баҳри Ҳазаҷ рукни асосии баҳри Рамал ва рукни солими мустафъилун /- — V -/ сохта шудааст. Шакли солимаш мусаддас буда, шаклҳои мусамману мураббаъу мусанно надорад. Боис камистеъмол аст.

Адабиёт

вироиш