Болометр (юн.-қад. βολή — нур ва μέτρον — андоза) — асбоб барои чен кардани афканишоти электромагнитӣ (асосан инфрасурх), ки дар асоси тағйирёбии муқовимати электрикии моддаи ба ҳарорат ҳассос сохта шудааст.

Болометрро соли 1878 мунаҷҷим ва физикдони амрикоӣ С. П. Ленгли (1834–1906) ихтироъ кардааст. Қисми асосии болометр лавҳачаи ниҳоят тунук (мас., аз платина ё ягон ноқили дигар) аст, ки барои беҳтар фурӯ бурдани афканишот сиёҳ карда шудааст. Бинобар тунук будан лавҳача таҳти таъсири афканишот зуд гарм шуда, муқовиматаш тағйир меёбад. Болометрҳо ду намуд мешаванд: филиззӣ ва нимноқилӣ. Болометрҳои филиззӣ аз платина, никел, тило сохта шуда, ба тавассути вурудгоҳи трансформатор насб карда мешаванд, чунки муқовиматашон кам аст. Болометри нимноқилӣ аз ду термистори наворӣ (ғафсиашон то 10 мкм) иборат буда, аз хӯлаҳои никел, кобалт, манган сохта мешавад. Термистори якуми он фаъол буда, афканишотро фурӯ мебарад. Термистори дуюм (эҳтиётӣ) аз афканишоти беруна эмин аст ва барои ҷуброни тағйироти ҳарорати муҳит хидмат мекунад. Бо болометрҳо ҳарорати объектҳои дастнорас ё масофаашон гуногун низ чен карда мешаванд. Болометрҳои терморезистории аввалин дар радифҳои маснӯъи Замин насб карда шуда буданд. Болометр ба ҳамаи спектри афканишот ҳассос аст, вале онро асосан дар ахтаршиносӣ (астрономия) барои ба қайд гирифтани афканишоти дарозии мавҷаш ниҳоят кӯтоҳ (субмиллиметрӣ) истифода мебаранд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш