Болошаҳр (деҳа, н. Рашт)
Болошаҳр — деҳа дар ҷамоати деҳоти Оби Меҳнати ноҳияи Рашт. Аз Болошаҳр то маркази ҷамоат 13 км, то маркази ноҳия 24 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 235 нафар (2013), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Рашт |
Ҷамоат | Деҳоти Оби Меҳнат |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 231 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3131 |
Иқтисод
вироишНуқтаи савдои хусусӣ, чойхона-фароғатгоҳ, мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ дорад. Хонандагон таҳсили минбаъдаро дар мактаби таҳсилоти умумии асосии деҳаи Шоле ва мактаб-интернати маркази ноҳия идома медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, сабзавоткорӣ, занбӯрпарварӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз чашмаи Хартез ва Обдара обёрӣ мешаванд.
Мардум
вироишАҳолӣ тақрибан дар асрҳои 17–18 маскун шудаанд. Аз сабаби дар ҷойи аз ҳама баланди ҷамоат ҷой гирифтан ва сераҳолӣ будан Болошаҳр номгузорӣ шудааст. Соли 1940 аҳолии Болошаҳр то ба 170–200 хоҷагӣ расида буд. Соли 1953 мардумаш куллан ба ноҳияҳои Шаҳритузу Қубодиён кӯчонида шуда, деҳа беодам монда буд. Солҳои 1974–76 як қисми аҳолӣ ба Болошаҳр баргаштанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Болошаҳр // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2