Болоҳисор
Болоҳисор (форсӣ: بالاحصار) — қалъаи ҷангии машҳуре дар қисми ҷануби шарқии шаҳри кунунии Кобули Афғонистон.
Кишвар | |
---|---|
Воҳиди марзию маъмурӣ | Кобул |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Истилоҳи Болоҳисор аз ду калима: боло — баландӣ ва ҳисор — қалъа таркиб ёфта, маънои қалъаи дар баландӣ ҷойгиршударо ифода мекунад. Мавқеияти Болоҳисор имкон дод, ки қалъа дар муқобили ҳамлаи душман мустаҳкам ва қавӣ бошад. Болоҳисор дар масири таърих гоҳе ҷузъи шаҳри Кобул ва гоҳе ба номи арки шоҳӣ ёд шудааст. Ба ҳар сурат дар ҳар давру замон ба ҳайси маҳалли мудофиавии зимомдорон хидмат кардааст. Он дар аҳди қадим арки мустаҳкам буд ва деворҳои хеле қавии сангӣ дошт. Болоҳисор аз тарафи ҷануби ғарбӣ ба девори машҳури Кӯҳи Шери дарвозаи Кобул пайваст буда, то ҳоло бурҷ ва бозмондаҳои деворҳояш пойбарҷоянд. Дар минтақаи шимоли арки Болоҳисор шаҳраки хурди собиқ Болоҳисор воқеъ буд, ки деворҳои паҳни мустаҳкам, бурҷҳои ҷангии таркашдор ва хандақи амиқу васеъ дошт. Аз ин маълум мегардад, ки арки Болоҳисор маркази салтанатӣ, ҷойи амирону ҳокимон ва маҳалли хазинаву нигоҳдории ашёи гаронбаҳои давлатӣ будааст. Шаҳри Болоҳисор макони ходимон, маъмурон ва низомиён буда, дар он хонаҳои раҳоиш, қасрҳо, бозорҳо, ҳаммом ва дигар биноҳои заруратӣ эъмор ёфта буданд. Англисҳо Болоҳисор-ро тарконданд. Дар давраи ҳукмронии Муҳаммад Нодиршоҳ шаҳри тахрибшуда таҷдиди сохтмон гардид. Баъдан дар дохили Болоҳисор мактаби ҳарбие сохта шуд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Болоҳисор / Болоҳисор Раҳматов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.