Болшевик (деҳа, н. Балхӣ)
Болшевик — деҳа дар ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ. Аз Болшевик то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 3 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2180 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Ҷалолиддин Балхӣ |
Ҷамоат | Деҳоти Узун |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 2180 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3247 |
Иқтисод
вироишМактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, маркази савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз наҳри Гулистон обёрӣ мешаванд.
Мардум
вироишМувофиқи иттилои Бибисоро Бегнаева (собиқ сарвари бригада) аҳолии Болшевик аз ноҳияи Совет (ҳозира Темурмалик) ва вилоятҳои Намангону Сурхандарёи Ӯзбекистон (қунғуротҳо) муҳоҷир шуда, бо сарварии раиси колхози Карл Маркс Сафар Ҷумъаев Болшевикро обод кардаанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Болшевик // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2