Бомус, бомас (лот. Brómus) — гиёҳест бо баргҳои борику овезон, ки дорои решаи нисбатан амиқе аст ва дар муқобили хушкӣ ва гармо муқовим мебошад ва ба ҳамин ҷиҳат низ қодир аст дар тобистони гарм ба рушду нумуви худ идома диҳад.

Бомус
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Bromus L. (1753), nom. cons.
Мутародифот
Секции

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

вироиш

Пояаш шахшӯли мӯякдор ё бемӯяки бо-рик буда, 5-120 см қад мекашад; хӯшагулаш ҷорӯбакшакл аст. Апрел-июл гул карда, баъдтар тухм мебандад. Бомус қариб дар ҳама ҷо мерӯяд; дар кӯҳҳо дар баландиҳои 2500-3000 м аз с. б. дучор меояд. Хусусан дар ҷойҳои камхок — заминҳои санглох, шағалзори соҳили дарёҳо, нишебиҳои кӯҳҳо нағз нумӯ меёбад. Хӯроки хуби чорвост.

Дар Тоҷикистон 9 гунаи бомус (B. oxyodon, B. japonicus, B. sgyarrosus, B. danthoniae, B. macrostachys, B. scoparius, B. popovii, B. severtzovii, B. Ianceolatus) вомехӯрад. Чун хӯроки чорво фақат 6 гунаи бомус омӯхта шудааст: B. severtzovii 25-65 см қад мекашад; баргаш борики дароз (бараш 4-8 мм), хӯшагулаш кӯтоҳ. Дар заминҳои корам алафи бегона ҳисоб мешавад. B. oxyodon то 30-75 см қад мекашад. Барги дарози борик (бараш 3-9 мм), хӯшагули калон (дарозиаш то 20 см)-и ҷорӯбакмонанд ва саракҳои хурд дорад. Дар боғот, заминҳои партову кишти тирамоҳӣ чун алафи бегона дучор меояд. Рустании серғизо ва хӯроки хуби чорво мебошад. B. lanceolatus пояи хамида (дарозиаш 25-80 см), барги дарозрӯя (бараш 3-8 мм) ва хӯшагули зич дорад. Дар киштзор, боғот ва заминҳои партов алафи бегона аст. Онро то тухмбандӣ чорво нағз мехӯрад. B. danthoniae то 25-45 см қад мекашад; пояаш серпашмак, баргаш дарозрӯя (бараш 2-4 мм), хӯшагулаш калон (дарозиаш 9-14 см), 3-4 сарак дорад. Дар заминҳои партов, кишти тирамоҳӣ, канори роҳ мерӯяд. Аз сабаби сахту шахшӯл будани поя онро чорво нағз намехӯрад. Пояи B. scoparius хамидаи парешон (баландиаш 10-30 см), баргаш ҳамвори дарозрӯя (бараш 3-5 мм) аст, чорво нағз мехӯрад. B. japonicus пояи каме хамида (то 20-80 см қад мекашад) дорад. Хӯшагулаш калон (дарозиаш 15-20 см) аст. Чун алафи бегона дар киштзори тирамоҳӣ мерӯяд. Ҳангоми нашву оғози хӯшабандӣ онро чорво нағз мехӯрад.

Адабиёт

вироиш