Бон, ҳуббулбон (лот. Morínga oleiféra) — як навъ дарахт. То 10 метр қад мекашад.

Бон
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Moringa oleifera Lam., 1785

Корбурд

вироиш

Бон баргҳои нозуку хушбӯй дошта, аз донаҳои пистамонанди он равғани хушбӯй (35-40%) мегиранд. Ба ақидаи Абурайҳони Берунӣ агар бонро ҷӯшонанд, бӯйи баланд пайдо мекардааст. Равғани бон аз беҳтарин равғанҳои хушбӯй аст. «Анбари бобон» (анбари омехта бо бон) яке аз хушбиҳои машҳури қадимист.

Аз бон олимони Ҳинд антибиотики «птеригоспермин» гирифтаанд. Аз лифаш коғаз ва ресмон (арғамчин) тайёр мекунанд. Пустлохашро барои даббоғӣ ва истеҳсоли ранг ва равғанашро дар техника, тиб ва атриёт истифода мекунанд.

Бонро дар Ҳиндустон ва Покистон аз қадим парвариш мекунанд. Мева (ғилофак)-и наврасашро ҷӯшонда ё бирён карда мехӯранд. Аз он мураббо низ мепазанд. Шохчаи наврас ва гулашро ҷӯшонда чун хуриш истифода мебаранд. Барги бонро бо мақсади хушбӯй кардан ба таом меандозанд.

Барои аҳолии баъзе кишварҳои қафомонда бон ғизои асосӣ аст. Қариб ҳама қисмҳои он истеъмол карда мешавад. Дар таркиби барги бон нисбат ба афлесун витамини С ҳафт баробар бештар аст. Он нисбат ба шир чаҳор маротиба бештар Са дорад. Тухми бон бактерияҳоро маҳв месозад. Онро барои тоза ва безарар кардани об истифода мебаранд.

Хосияти шифоӣ

вироиш

Абуалии Сино бо равғани бон дарди гӯшро табобат мекард ва доғи кунҷитакро меравонд. Донаи Бонро чун доруи хунбанд ва барои муолиҷаи иллати сипурзу ҷигар исти­фода мебурд, марҳамашро ба ҳар гуна омосу озах мебаст.

Пустлохи бон чун воситаи обутобдиҳии орга­низм кор фармуда мешавад, аз гули он ғизо таҳия мекунанд ё якҷо бо дигар хуришҳо истеъмол менамоянд. Гули бон калий ва калсийи бисёр дорад.

Бино ба маълумоти аюрведаи ҳиндуҳо, барги бон давои 300 беморӣ аст.

Адабиёт

вироиш