Бонк
Бонк (аз итол. banco — нимкат, харак; дукони сарроф) — муассисаи махсуси молиявиест, ки барои анҷоми корҳои ҷамъоварӣ ва идораи раванди ҳисобу китоби маблағҳои пулӣ, ба муомилот баровардани маблағҳои қарзӣ ва дигар амалиёти молиявӣ таъсис дода мешавад.
Санъат | bank operations[d] |
---|---|
Номида ба шарафи | bench[d] |
Гурӯҳи вобаста | Гурӯҳ:Бонкҳо аз рӯи алифбо |
Муқобили | non-bank[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таърих
вироишБонку бонкдорӣ дар ақсои ҷаҳон, аз ҷумла сарзамини таърихии тоҷикон, собиқаи ғанию тӯлонӣ дошта, вобаста ба сиёсати ҷории молиявии замона хидмати давлату аҳолиро ба сомон расонида, давраҳои гуногуни ташаккулу такомулро аз сар гузаронидааст. Бонкҳо дар ибтидо ба сифати дукону идораҳои хурде амал карда, танҳо амалиёти гуногуни пулиро анҷом медоданд. Баъдан ба корҳои саррофӣ амалиёти кредитию қарздиҳӣ зам шуда, боиси пайдоиши судхорӣ гардид, ки дар осори таърихӣ-бадеӣ муфассал инъикос ёфтааст.
Мувофиқи маълумоти маъхазҳои хаттӣ ва ҳафриёти бостоншиносӣ дар даврони тоисломӣ гузаштагони халқи тоҷик, аниқтараш шоҳони давлатҳои ориёитабор, бо мақсади ҳифозати пулу моли қиматӣ, ғаноими гаронбаҳои ҷангӣ, ҷамъовардаҳои молиётӣ ва ғанигардонии хазинаи давлати худ аз анбор ва сандуқу хамбаҳои хурду бузург истифода мебурданд, ки хизона (хазина) (ҷойи нигаҳдошти пулу ҷавоҳирот), сандуқи давлат, ганҷина (ганҷдон), махзан ва ғ. ном дошта, ганҷнома (санаде, ки дар он ҷойи пинҳон кардани ганҷу сарват ва миқдори ашёи гаронбаҳо нишон дода мешавад) содир менамуданд. Маҳалли ҳифозати дороиҳои пулию молии давлат (подшоҳ)-ро ганҷдорону хазинадорону анбордорон ихтиёрдорӣ, саррофон (пулшиносу заршиносон — шахсони фарқкунандаи пулу зари холис (сара) аз носара (қалб, сохта), ивазкунандагони пуле ба пуле хидматгузорӣ мекарданд; асосан пул (танга)-ҳои филиззӣ (тило, нуқра, мис) сикка мезаданд, ки дар рӯяшон ном ё акс (ё ному акс)-и подшоҳи замон зарб мешуд.
Агарчи суннату низоми бонку бонкдории тоҷикӣ ба маънои имрӯзии он дар давраи исломӣ (то ибтидои асри 20) собиқае надорад, мусаллам аст, ки барои пешбурди анвои фаъолиятҳои иқтисодию молиявӣ қавонину муқаррароти хоссае вуҷуд доштаву дар мамолики пешрафтаи исломӣ пулҳои филиззию коғазӣ ва асноди тиҷорӣ дар гардишу муомилот буданд.
Дар асри 8 пеш аз м. дар Бобилистон ба қабули маблағҳо пардохта, барояшон фоиз медоданд, ба мардум қарз дода, коғазҳои бонкӣ мебароварданд. Бонкдорон ба сифати кафили амалиёти пулӣ, мушовиру муътамадони ҷонибҳои шартномабанду амалиётгузарон ва маблағгузори маъракаҳои тиҷоратӣ амал мекарданд. Дар баробари бонкдорон муассисаҳои динӣ ҳам дар амалиёти калони пулӣ ширкат варзида, асосан, пасандозу сарватҳоро нигаҳбонӣ мекарданд ва ба шаҳрдориҳо қарзҳои фоиздори дарозмуддат медоданд.
Дар Юнони Қадим сохтори ба дараҷаи кофӣ инкишофёфтаи бонкӣ вуҷуд дошта, нақши бонкҳоро ибодатгоҳҳо иҷро мекарданд. Дар асри 4 пеш аз м. дар Афина трапезитҳо (саррофон), ки номашон аз вожаи юнонии «трапеза» (trapera — миз) баромадааст, рақиби ибодатгоҳҳо гардида, корҳои қарздиҳӣ ва дигар амалиёти пулиро ба дасти худ гирифтанд. Корҳои бонкӣ дар Мисру Рум ҳам дар заминаи дастовардҳои Юнони Қадим ривоҷу равнақ ёфтанд.
Таърихи бонкдории имрӯза аз давраи инкишофи амалиёти бонкӣ дар асрҳои 14-16 дар ш-ҳои Итолиёи Шимолӣ ва Ғанза сарчашма мегирад. Дар давоми дусад соли баъдина дар Аврупо, махсусан дар Амстердаму Лондон, бонкҳои бисёри тиҷоратӣ ба майдон омаданд. Зинаи нав батии рушди низоми бонкдорӣ алоқаманди пайдоиши бонкҳои давлатист, ки нахустинашон Бонки Англия (соли таъсисаш 1694) буда, густараи амалиёти бонкиро вусъат бахшид.
Дар асри 19 бонкҳои дигари давлатӣ пайдо шуданд, ки Бонки давлатии Фаронса (соли 1800 аз ҷониби Наполеони I таъсис ёфтааст), Бонки Австрия (1816), Бонки миллии Белгия (1825), Бонки миллии Рус (1860), Бонки миллии Итолиё (1866) аз ҳамин қабил буда, ҳамкориро бо бонкҳои хусусӣ чунон ба роҳ андохтанд, ки дар соҳаи муносиботи иқтисодӣ ҳар яке мақоми хоссаи худро соҳиб гардид. Бар илова, дар асри 19 ташкил ёфтани бонкҳои саҳомӣ инқилобе дар корҳои бонкӣ ворид овард. Ин гуна бонкҳо на мутааллиқи шахсони алоҳида, балки мансуби соҳибони саҳмия (пай)-ҳо буда, сабабгори зуд афзудани миқдори сармоя ва шумори амалиёти бонкӣ гардиданд. Ҳамзамон, бонкҳои махсусгардонидашудае, монанди Бонки фурӯши лавҳаҳои Британия, Бонки савдои баҳрии ПРусия, Хазинаи ҳисоби Порис, муассисаҳои гуногуни қарздиҳандае, шабеҳи бонкҳои ипотекӣ, бонкҳои халқӣ, бонкҳои косибӣ, хазинаҳои қарзӣ, ломбардаҳо ба фаъолият оғоз намуда, мутобиқи амалиёти мегузаронидаашон ба бонкҳои эмиссионӣ, депозитӣ, чекӣ ҷудо шуданд. Дар ибтидои асри 19 Лондон ба сифати маркази асосии молияи ҷаҳон ҷойи Амстердамро гирифта, то саршавии Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914-18) ба туфайли рушди бонкҳои тиҷоратӣ таъсираш дар ҳоли афзоиш буд.
Мақоми бонкҳо дар низоми иқтисодии имрӯзаи ҷаҳон ниҳоят бузург буда, хусусияти фарқкунандаи рушди кунунияшон дар инкишофи консентратсияи онҳо мебошад. Дар ибтидои асри 21 дар иқтисодиёти ҷаҳон гурӯҳи хурди бонкҳои трансмиллӣ мақоми аввалияро соҳиб гардиданд, ки амалиёташон мамолики зиёдеро фаро гирифта буд.
Баъди пирӯзии Инқилоби Октябр низоми бонкии Федератсияи Русия ва Иттиҳоди Шӯравӣ табаддулу таҳаввули ҷиддиеро мувоҷеҳ гардида, дар ниҳояти кор баргузории тамоми амалиёти пулию молии дохилию хориҷии мамлакатро се бонки асосӣ: Бонки давлатии ИҶШС, Бонки сохтмон, Бонки савдои хориҷӣ ва кассаҳои давлатии захираҳои меҳнатӣ дар ихтиёр доштанд, ки соҳиби «нусхаҳо»-и мувофиқе дар ташкилаҳои зертобеи сохтори давлат, монанди ҷумҳурию кишвару округу вилоятҳои мустақилу мухтор, аз ҷумла Тоҷикистон, буда, кулли фаъолияташон аз марказ идораву назорат ва раҳнамоию баҳогузорӣ карда мешуд.
Вазифҳо
вироишВазифаи асосии бонкҳои муосир миёнаравӣ дар ҷараёни гузаштани маблағҳои пулӣ аз қарздиҳандагон ба қарзгирандагон ва аз фурӯшандагон ба харидорон буда, дар дигар амалиёти мухталифи молиявӣ ҳам ширкат меварзанд ва ба муштариёнашон хидматҳои гуногун мерасонанд.
Навъҳо
вироишВобаста ба самти фаъолияти бонкӣ дараҷабандии муштариёни асосӣ ва маҳдудиятҳои қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолият бонкҳо чанд навъ мешаванд.
- Бонкҳои марказӣ (central banks) сиёсати пулию қарзии ин ё он давлатро ба роҳ андохта, фаъолияти муассисаҳои молиявиро назорат мекунанд, барориши пулу коғазҳои қиматноки давлатиро анҷом медиҳанд, намояндаву ҳимоятгари манфиатҳои давлат дар ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ мебошанд.
- Бонкҳои сармоягузор (investment banks) маблағҳоро ҷамъ оварда, барои маблағгузории ширкатҳои саноатӣ ва дигар муассисаву корхонаҳо истифода мебаранд; дар ҷараёни барориш ва ҷойгирсозии коғазҳои қиматноки муштариёнашон ширкат варзида, ҳамчун кафили ҷойгирсозии (underwriters. sellers) коғазҳои қиматнок амал мекунанд ва дигар амалиёти шабеҳи амалиёти бонкҳои тиҷоратиро сомон медиҳанд.
- Бонкҳои тиҷоратӣ (commercial banks) ба муштариёнашон дар бобати пешбурди суратҳисобҳои ҷорӣ, додани кредитҳову қарзҳои тиҷоратӣ ва ғ. хидматҳои мухталиф мерасонанд. Муштариёни асосии бонкҳои тиҷоратӣ шахсони алоҳида ва корхонаҳое мебошанд, ки фаъолияти ҷории истеҳсолӣ, савдо ва умури дигари тиҷоратиро анҷом медиҳанд.
- Бонкҳои амонатӣ (savings banks) маблағҳои озоди аҳолиро дар шакли пасандозҳои дархостӣ, пасандозҳои фаврӣ ё уҳдадориҳо аз рӯйи вомбаргҳо ҷамъ оварда, маблағҳои ҷамъомадаро барои додани қарзҳои кӯтоҳмуҳлат ва дигар амалиёте, ки нигаҳдории сатҳи муайяни бозоргириро таъмин месозанд, истифода мебаранд.
Муассисаҳои бонкии таъйиноти махсус (specialized bank) ба муштариён хидматҳои гуногун мерасонанд:
— қарздиҳӣ таҳти гарави замин ё амволи ғайриманқул (бонкҳои ипотекӣ — mortgage bank); — додани қарзҳои истеъмолӣ дар шакли қарзҳои кӯтоҳмуҳлат ва миёнамуҳлати истеҳлокшаванда барои харидани таҷҳизоти саноатӣ ё молҳои истеъмолии истифодаи дарозмуддат (industrial bank, moneu trading bank); — пешбурди суратҳисоби муштариён (factoring), идораи портфелҳои сармоя дар сатҳи машварат ё идораи боварноки коғазҳои пурқимати барои нигаҳдорӣ супурдашуда; — нигаҳдории амволи гаронбаҳо, кирояи сейфҳо, кирояи ашёи гаронбаҳо, иҷрои супоришҳои биржавӣ ва ғ.
Мутобиқи ҳудуди ҷойгиршавӣ бонкҳо ба гурӯҳи маҳаллӣ (минтақавӣ) ва хидматрасони чанд минтақа, саросари мамлакат, байналхалқӣ ҷудо мешаванд. Дар амал, одатан бонкҳо ҷанбаи асосии фаъолияташонро риоят карда, комбинатсияи амалиётро таъмин медоранд.
Дар миёни меъёрҳои таснифи муассисаҳои қарздиҳанда аломати соҳибмулкӣ ҷойи асосиро ишғол карда, дар ин замина бонкҳо ба гунаҳои давлатӣ, саҳомӣ, кооперативӣ, хусусӣ, мунисипалӣ ва омехта тақсимбандӣ мешаванд. Барои бонкҳои давлатӣ аломати асосӣ давлатӣ будани моликият дар сармояи бонкӣ ба ҳисоб меравад.
Вобаста ба хусусияти амалиёти иҷрошаванда бонкҳоро ба навъу дастаҳои гуногун ҷудо мекунанд. Аз ҷумла баргузории амалиёти муҳимми молиявии давлатӣ маъмулан бар уҳдаи бонкҳои марказӣ (миллӣ, халқӣ) вогузор карда мешавад. Онҳо дар асоси дастури ҳокимияти қонунбарори мамлакат амалиёти ба гардиш даровардану аз гардиш баровардани пулро иҷро кунанд. Вазифаи асосии чунин бонкҳо мустаҳкамкуниии мақоми воҳиди пулӣ дар дохилу хориҷи мамлакат мебошад.
Одатан бонкҳои эмиссионӣ ба корҳои кредитдиҳӣ ба хоҷагии халқу аҳолӣ машғул намешаванд; анҷоми чунин амалиёт ба салоҳияти бонкҳои тиҷоратие дохил мешавад, ки ба муассисаҳо ва шаҳрвандони алоҳида қарзҳои гуногун пешниҳод мекунанд. Аз рӯйи муҳлат қарзҳои пешниҳодшаванда, асосан метавонанд дарозмуҳлат ё кӯтоҳмуҳлат бошанд.
Бонкҳо, ҳамчунин аз рӯйи аломати хоҷагидориашон, метавонанд саноатӣ, тиҷоратӣ, кишоварзӣ ва савдои берунӣ бошанд. Дар амалияи ҷаҳонӣ, ҳамчунин бонкҳои амонатӣ, депозитӣ, инвеститсионӣ ва ипотекӣ фаъолият мекунанд, ки вазифаи асосиашон ҷамъкунии маблағҳои озоди пулӣ, ҷалби пасандозҳо (депозит) ва истифодаи онҳо, аксаран барои қарздиҳӣ мебошад.
Мақоми олии бонк маҷлиси умумии саҳмгузорон буда, роҳбарии умумии фаъолияташро шӯрои бонк амалӣ мегардонад, ки мушоҳидаву назорати кори раёсати бонк ро ҳам бар уҳда дорад. Раёсати бонк роҳбарии бевоситаи онро пеш бурда, дар назди маҷлиси умумии саҳмдорон ва шӯрои бонк масъул (ҳисоботдиҳанда) мебошад. Дар назди раёсати бонк, одатан кумитаи қарздиҳӣ ва комиссияи тафтишот таъсис дода мешавад.
Бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти бонкҳо ва дастрасии маълумот оид ба вазъи молиявии онҳо тавозунномаи солонаашон, ки аз ҷониби маҷлиси умумии саҳмдорон тасдиқ ёфтааст, ҳамчунин ҳисоботи даромаду хароҷоташон (баъди тасдиқи муътамадии маълумоти пешниҳодкардаи онҳо аз тарафи муассисаи аудиторӣ) дар васоити ахбори умум чоп карда мешавад.
Ба хотири таъмини хидматрасонии саривақтии корхонаву муассисаҳо — мизоҷони худ, ки дуртар аз мақоми ҷойгиршавии идораи марказии бонкҳо қарор доранд, бонкҳо метавонанд дар он ҷойҳо (минтақаҳо) филиалу намояндагиҳои худро ташкил диҳанд. Филиалу намояндагиҳои бонкҳо корхонаҳои зертобеи таркибие ҳисобида мешаванд, ки дуртар аз қароргоҳи марказӣ ҷойгир шуда, ҳамаи уҳдадориҳои бонк ё қисме аз онҳоро анҷом медиҳанд. Филиалу намояндагиҳо шахсони ҳуқуқӣ ба ҳисоб нарафта, танҳо ҳамон амалиётеро иҷро мекунанд, ки анҷомашон мушаххасан аз ҷониби Сарбонк, дар асоси иҷозатномаи Бонки марказӣ, бар уҳдаи онҳо вогузор шуда бошад. Қарордоду шартномаҳоро аз номи Сарбонки таъсисдодаашон таҳияву тасдиқ мекунанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анвои гуногуни бонкҳо, монанди Бонки миллии Тоҷикистон, «Агроинвестбонк» (ҶСК), «Амонатбонк» (БДА Тоҷикистон), «Бонки Эсхата», «Ориёнбонк» (ҶСК), «Соҳибкорбонк» (ҶСК), «Тоҷиксодиротбонк» (ҶСК), «Тоҷпромбонк» (ҶСП) «Фононбонк» (ҶСК) ва филиалу намояндагияҳояшон амал мекунанд, ки фаъолияташонро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва дастуру низомномаҳои гуногуни соҳавӣ ба танзим медароранд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Оймаҳмадов М., Раҳимов Ш., Раҳматова Г. Фарҳанги истилоҳоти байналмилалии бонкдорӣ. Русӣ — англисӣ — тоҷикӣ, Д., 1999.;
- Новая российская энциклопедия. Т. II. М., 2005.;
- Шариф Раҳимзода. Муомилоти пулӣ ва қарз. Д., 2008;
- دائرة المعارف بزرگ اسلامی. ج. ۱۱. تهران، ۱۳۸۱
- Бонк / Ш. Раҳимзода // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.